Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41
Боздиди Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” - 21.05.2018 13:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи - 21.05.2018 11:20
Амалиёти “Кӯкнор-2018” дар ду марҳила гузаронида мешавад - 21.05.2018 10:17
Таъсиси Ситоди вилоятии “Тобистон - 2018” - 21.05.2018 10:16

Дар ноҳияи Мастчоҳ маҳфили “Кадбону” баргузор гардид

( 0 Овоз )

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба Соли ҷавонон дар чойхонаи миллии Азим Шариф маҳфили ноҳиявии “Кадбону” баргузор гардид.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, ки дар ин маҳфил духтарону бонувони ҳунарманд аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳунарҳои дастии худро чун атласу адрасбофӣ, кашидадӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гилембофӣ, риштаресии дастӣ ва омодасозии хурокҳои маҳаллию миллиро  пешниҳоди иштирокчиён ва меҳмонон намуданд.

Раиси ноҳия Ғайрат Азиззода зимни боздид аз ҷараёни маҳфил бо кадбонуҳо суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба эҳёву рушди ҳунарҳои миллӣ ва гиромидошти он даъват намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки қаблан чунин маҳфил дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардида буд ва беҳтаринҳо ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Иштирокчиёни фаъоли маҳфил бо туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ қадрдонӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар ноҳияи Мастчоҳ маҳфили “Кадбону” баргузор гардид