Хабарҳо
Дар 5-умин Бозиҳои Осиё 39 нафар варзишгарони вилояти Суғд иштирок доранд - 19.09.2017 15:24
Спитамен. Баргузории мулоқотҳо ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 19.09.2017 10:08
23 сентбяр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад - 19.09.2017 10:05
Суҳбат атрофи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 19.09.2017 10:00
Аз санаи 20 то 23 сентябр дар шаҳри Конибодом Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мешавад - 19.09.2017 09:26
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш - 19.09.2017 08:41
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ - 18.09.2017 08:38
Баргузории семинари иттилоотӣ дар мавзӯи “Иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017 – 2020” - 15.09.2017 13:45
Боздиди намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд - 15.09.2017 13:14
«Падидаҳои номатлубро маҳкум менамоем!» — ҷаласаи корӣ дар Гулистон - 15.09.2017 13:07

Спитамен. Барои татбиқи Барномаи вилоятии “Соли 2017 – Соли дастраси аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ” 4 млн. 513 000 сомонӣ равона хоҳад шуд

( 0 Овоз )

Дар доираи татбиқи Барномаи вилоятии “Соли 2017 – Соли дастраси аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ” дар ноҳияи Спитамен корҳои назаррас ба сомон расонида шуд.

Тибқи маълумотҳои пешниҳодшуда ба санаи 1 июли соли ҷорӣ 5,59 км қубурҳои оби нӯшокӣ таъмир карда шуд, ки ин ба 57 фоизи нақшаи тасдиқшуда баробар аст. Кашидани хатти нави оби нӯшокӣ 43,4 км ба нақша гирифта шуда, 35,5 км ё ин 82 фоиз нақшаи тасдиқшуда таъмин гардид.

Зимнан қайд намудан ба маврид аст, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 24 апрели соли 2017, таҳти №200 барои кофтани як чоҳи амудӣ дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Куруш 218 000 сомонӣ ва бо қарори дигари Раиси вилояти Суғд аз 24 апрели соли 2017, таҳти №201 барои кофтани як чоҳи амудӣ дар шаҳраки Навбунёди Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев, 381 000 сомонӣ, ҳамагӣ 599 000 сомонӣ маблағ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ ҷудо карда шуда, айни замон аз тарафи пудратчиён корҳои пармакунии чоҳи амудӣ дар Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев оғоз шудааст.

Дар маҷмӯъ мувофиқи ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо барои татбиқи Барномаи вилоятии «Соли 2017- соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ» дар ноҳия 4 миллиону 513 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, то имрӯз 3 миллиону 506 ҳазор сомонӣ ё ин ки 75 фоизи нақшаи пешбинигардида маблағгузорӣ шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Спитамен. Барои татбиқи Барномаи вилоятии “Соли 2017 – Соли дастраси аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ” 4 млн. 513 000 сомонӣ равона хоҳад шуд