Хабарҳо
Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 100 намуди ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст - 19.01.2018 12:50
Ба озмуни «Техникони наврас» беш аз 230 ихтироот ва маҳсули эҷоди хонандагон пешниҳод шуд - 19.01.2018 11:31
Рӯзҳои 20 ва 21 январ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад - 19.01.2018 08:41
Нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, тасдиқ гардид - 18.01.2018 22:11
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.01.2018 19:37
Дар Конибодом ситод оид ба назорати раванди яхобмонӣ таъсис дода шуд - 18.01.2018 09:12
Хонандагон дар таътили зимистона ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷалб шуданд - 18.01.2018 09:07
Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд - 17.01.2018 10:32
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59

Баргузории Фестивали «Бӯстон-2017» дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Ашт

( 0 Овоз )

Дар Муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт даври ноҳиявии Фестивал-озмуни телевизионии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2017» баргузор гардид.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд, Фестивали «Бӯстон-2017» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав байни наврасону ҷавонон аз рӯи шартҳои навозиши асбобҳои мусиқӣ, шеърхонӣ, сурудхонӣ, рақс ва намоиши саҳнаҳои ҳаҷвӣ гузаронида шуд. Аъзои ҳакамон ба маҳорату ҳунарнамоии наврасону ҷавонон баҳои баланд дода, 9 дипломи Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина»-ро ба иштирокдорон тақдим намуданд.

Фестивал-озмуни телевизионии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2017» дар шаҳри Конибодом низ доир шуд. Қабл аз оғози озмун дар саҳни қасри фарҳангӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ  ташкил карда шуда, бошандагони кумитаҳои маҳаллӣ ва сокинони ҷамоатҳои деҳот ҳунарҳои миллии худро бо тарзҳои мухталифу ҷолиб пешкаши ҳайати ҳакамон ва меҳмонон гардониданд.

Баъдан дар толори қасри фарҳанг барномаи рангини консертии аҳли ҳунару санъати шаҳр, ки аксаран ҷавононро дарбар мегирифт, манзури тамошобинон гардонида шуд.

Бояд гуфт, ки Фестивал-озмуни телевизионии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2017» аз ҷониби Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» роҳандозӣ карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории Фестивали «Бӯстон-2017» дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Ашт