Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41
Боздиди Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” - 21.05.2018 13:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи - 21.05.2018 11:20
Амалиёти “Кӯкнор-2018” дар ду марҳила гузаронида мешавад - 21.05.2018 10:17
Таъсиси Ситоди вилоятии “Тобистон - 2018” - 21.05.2018 10:16

Маҳфили “Ганҷи сухан”ин бор дар ноҳияи Шаҳристон доир шуд

( 0 Овоз )

Нишасти 153-юмини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори фарҳанги ноҳияи Шаҳристон бо иштироки бештар аз 200 нафар сокинони ноҳия баргузор гардид.

Аз маркази вилоят як зумра олимону адибон, аъзоёни маҳфили “Ганҷи сухан” ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварда, бо адибону қаламкашон  устодони мактабҳо, донишҷӯёну мактаббачагони ноҳия мулоқоти судманд анҷом доданд. Нишасти навбатиро  масъули маҳфил Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо барномаи он ошно кард.Таҳти мавзӯи “Ваҳдат – сарчашмаи саодат” раиси ноҳияи Шаҳристон Умар Ёқубзода баромад карда, аз нақши  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории ваҳдати миллӣ ёдовар шуд.

Сипас, бахшида ба 25 – солагии Иҷлосиия 16-уми Шӯрои Олӣ дар мавзӯи “Таърих гувоҳ аст” номзади илмҳои таърих, дотсенти ДДҲБСТ Ҷӯрабек Исомаддинов маърӯза кард. Дар идомаи маҳфил Абдусаттор Абдуқодиров, профессори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, оид ба китоби тозанашри “Пешвои миллат ва сиёсати забон”, ки бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нашр шудааст, маълумот дод.

Дар бахши “Минбари шеър” шоир Суруш  ва  адибони  ноҳияи Шаҳристон Ҳикматой Қӯзиева, Шавкат Ӯлмасов шеърҳои хешро қироат карданд.

Дар охир ба маърӯзачиён ҳадяҳои Раиси вилояти Суғд супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Маҳфили “Ганҷи сухан”ин бор дар ноҳияи Шаҳристон доир шуд