Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд - 22.09.2017 16:31
Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об - 22.09.2017 09:47
Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Штатҳои Муттаҳидаи Америка - 22.09.2017 09:33
Бозиҳои Осиё-2017: Шумораи медалҳои варзишгарони тоҷик дар Ашқобод ба 18 адад расид - 22.09.2017 09:14
Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017» соҳиби медали тилло ва нуқра гардид - 22.09.2017 09:04
Оғози Фестивали байналмилалии «Шашмақом» дар Конибодом - 21.09.2017 15:58
Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо - 21.09.2017 10:00
Музаффар Раҳимхӯҷаев мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуд - 21.09.2017 09:45
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи комплекси агросаноатии вилоят - 20.09.2017 16:49
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 6 млрд. сомонӣ баробар шуд - 20.09.2017 16:16

Озарахш ва Анвар Олим барои хизматҳояшон дар рушди адабиёт бо Сипоснома қадршинисоӣ шуданд

( 0 Овоз )

Санаи 20 июли соли 2017 зимни баргузории нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ шоир ва рӯзноманигори шинохта Толиб Карими Озарахш ва нависанда ва рӯзноманигор Анвар Мирзоҳакими Олим барои хизматҳояшон дар рушди адабиёт бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонда шуданд.

Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравиро ба Толиб Карими Озарахш ва Анвар Мирзоҳакими Олим Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ тақдим намуда, ба саҳми онҳо дар тарбияи маънавии ҷомеа ва эҷодкорони ҷавон баҳои баланд дод.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки Озарахш яке аз шоирони маъруф аст ва китобҳои  шеъраш бо номҳои «Аз чашмасор омадам», «Намози мусофир», «Чархболи офтоб», «Ҷӯйбори сари хирман» ва «Девони ишқ»  чоп  шудаанд. Намунаҳо аз ин  китобҳо бо забонҳои русӣ, инглисӣ, немисӣ, арабӣ ва ӯзбекӣ тарҷумаву нашр шудаанд. Ӯ соли равон барандаи Ҷоизаи  адабии ба номи Мирзо Турсунзода гардид.

Анвар Мирзоҳакими Олим низ аз нависандагони номдор буда, ӯ муаллифи маҷмӯаҳои қиссаву ҳикояҳои “Вақти гули зардолу”, “Бачаи лалмӣ”, “Моҳмомо” мебошад. Осори Анвар Олим бо забонҳои русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ тарҷума шудааст. Мавсуф барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Озарахш ва Анвар Олим барои хизматҳояшон дар рушди адабиёт бо Сипоснома қадршинисоӣ шуданд