Хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.11.2017 12:33
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ - 19.11.2017 11:57
Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ - 18.11.2017 21:25
ПАЙВАНДОНИ ҲАЙДАР ҚОСИМОВ: “ҚАТЛИ ҚАҲРАМОНИ СССР ҲАЛҚАЕ ДАР ЗАНҶИРИ КУШТОРҲОИ ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОС АЗ ҶОНИБИ НАҲЗАТИҲОСТ” - 18.11.2017 21:23
Машварати кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 18.11.2017 17:35
Ифтитоҳи навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ “Суғд Пак” дар шаҳри Бӯстон - 18.11.2017 12:49
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ - 18.11.2017 11:39
Ифтитоҳи корхонаи дорусозии ҶДММ “Фарм Суғд” дар шаҳри Бӯстон - 18.11.2017 11:35
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаии ҶДММ «Элегант» - 18.11.2017 10:05
Боздиди Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва мулоқот бо сохтмончиёни вилояти Суғд - 17.11.2017 16:25

Баргузории ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Санаи 19 июли соли 2017 дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакии маркази вилоят бо иштироки Адҳам Маъмурзода, муовини сардори Раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нуралӣ Саидов, Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ ҷаласаи сайёри Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раисикунандаи ҷаласа муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо ҷаласаи сайёрро ҳусни оғоз бахшида, дар бораи раванди демократикунонии ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, рушди соҳибкорӣ, пояндагии сулҳу Ваҳдати миллӣ дар кишвар, паст гардидани сатҳи камбизоатӣ, ғанигардонии буҷет ва рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг маълумоти муфассал дод.

Муовини сардори Раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода дар мавзўи «Равандҳои демократикунонӣ ва фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар вилояти Суғд» изҳори ақида намуд. Адҳам Маъмурзода зикр кард, ки Шўрои ҷамъиятӣ ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, баҳри рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла иҷтимоӣ саҳми хешро мегузорад. Боиси ифтихор аст, ки имсол самтҳои нав – рушди соҳибкорӣ дар кишвар ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ низ ба рўзномаи он дохил карда шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи иҷтимоӣ хеле корҳоро ба сомон расонида бошад ҳам, аммо дар ин самт масъала ва муаммоҳо мавҷуданд. Аксари пешниҳодот ва муаммоҳое, ки дар рушди соҳибкорӣ баррасӣ гардид, аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардиданд.

Аз рўи масъалаи дуюм оид ба ҷоннок намудани доираи фаъолияти Шўрои ҷамъиятии вилояти Суғд бо назардошти вазъияти кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов ҳозиринро огоҳ сохт.

Мудири шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд СаидаминИсомаддинзода, сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода, коршиноси ҷаласаи сайёр – раиси кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода, сардори Ҷамъияти маъюбони вилоят Лола Ашўрова дар бораи дастгирии муассисаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва корхонаю ташкилотҳои байналхалқӣ, вобастагии 21 муассисаи иҷтимоии дар вилоят фаъолиятбаранда ба 48 корхона ва ташкилотҳо, хуб ба роҳ монда шудани ҳифзи саломатӣ, ташхису табобат ва парастории омма, зери назорати доимӣ будани муҳоҷирон ва пешгирии бемориҳо, манъи никоҳи хешутаборӣ, ҳадафи асосӣ будани ёрӣ расонидан ба маъюбон барои касбомўзӣ, ҷудо гардидани қитъаи замин ба ин гурўҳ, такмили низоми сиёсии ҷомеа ва ноил гардидан ба ҳадафҳо, дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ сухан ронданд.

Коршиносони ҷаласаи сайёр намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Эҳёи фарҳанг ва тараққиёт дар вилоят» Нодира Ёқубова ва ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илмию техникӣ дар вилоят» Насиба Ғаниева дар бораи фаъолияти кориашон дар самти ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, дастгирии шаҳрвандони ниёзманд дар ҷамоатҳои деҳоти наздисарҳадии ноҳияҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба ин мавзўъ ибрози ақида намуданд.

Бо назардошти пешниҳодоти собиқадори арсаи сиёсат ва меҳнат Биҳоҷал Раҳимова ва раиси бахши вилояти Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод лоиҳаи қарори Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Шўрои ҷамъиятии вилояти Суғд аз ҷониби аҳли нишаст қабул гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон