Хабарҳо
Иштироки намояндагони вилоят дар даври ҷумҳуриявии фестивал-озмуни «Сапеда» - 22.11.2017 10:07
Хуҷанд. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун доир мешавад - 21.11.2017 15:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 21.11.2017 13:25
Суғд: Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд - 21.11.2017 11:47
Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии "Атласу адраси Суғд-2017" насиби Нилуфар Тоҷибоева шуд - 21.11.2017 11:46
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2017 19:30
Конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” - 18.11.2017 15:06
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.11.2017 12:33
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ - 19.11.2017 11:57
Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ - 18.11.2017 21:25

Баргузории семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Истифодаи оқилонаву самарабахши об ва замин дар хоҷагиҳои кишоварзӣ»

( 0 Овоз )

Бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Истифодаи оқилонаву самарабахши об ва замин дар хоҷагиҳои кишоварзӣ» баргузор гардид.

Қисмати амалии семинар дар шаҳраки навбунёди Сайҳун доир гардид. Иштирокдорон дар ин мавзеъ бо усули обёрии қатрагӣ дар боғу токзор ва обёрии анъанавӣ дар кишти зироатҳо шинос шуданд. Сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд ва дигар мутахассисон вобаста ба ташаббусҳои неки мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлати  вилоят дар самти бунёди боғҳои интенсивӣ, ба роҳ монадани системаи обрасонии қатрагӣ ва мақсаднок истифода бурдани обу замин маълумот доданд.

Ба иштирокдорон доир ба усули обёрии қатрагӣ маълумот дода шуда, таъкид гардид, ки се сол қабл дар ин мавзеъ, ки ба биёбон шабоҳат дошт, бунёди боғ ба роҳ монда шуд ва имрӯз аз ҳосили дарахтони сесола истифода карда мешавад. Худи меҳмонон низ шоҳиди он гардиданд, ки дар ҳақиқат ин дарахтон ба ҳосил даромадаанд.

Қисмати назариявии семинар дар Қасри Арбоб сурат гирифта, баромадкунандагон дар масъалаи истифодаи оқилонаву самарабахши об ва замин дар хоҷагиҳои кишоварзӣ андешаҳояшонро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Истифодаи оқилонаву самарабахши об ва замин дар хоҷагиҳои кишоварзӣ»