Хабарҳо
Дар 5-умин Бозиҳои Осиё 39 нафар варзишгарони вилояти Суғд иштирок доранд - 19.09.2017 15:24
Спитамен. Баргузории мулоқотҳо ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 19.09.2017 10:08
23 сентбяр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад - 19.09.2017 10:05
Суҳбат атрофи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 19.09.2017 10:00
Аз санаи 20 то 23 сентябр дар шаҳри Конибодом Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мешавад - 19.09.2017 09:26
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш - 19.09.2017 08:41
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ - 18.09.2017 08:38
Баргузории семинари иттилоотӣ дар мавзӯи “Иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017 – 2020” - 15.09.2017 13:45
Боздиди намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд - 15.09.2017 13:14
«Падидаҳои номатлубро маҳкум менамоем!» — ҷаласаи корӣ дар Гулистон - 15.09.2017 13:07

Ашт. Барои татбиқи Барномаи вилоятии “Соли 2017- соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ” 604,4 ҳазор сомонӣ масраф шуд

( 0 Овоз )

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт баҳри таъмини иҷроиши Барномаи вилоятии “Соли 2017- соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ” як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Ба иттилои муовини раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода тибқи барномаи мазкур соли равон дар ноҳия кофтану таъмири 2 адад чоҳои амудӣ, кашидани 3 километр хатҳои нави обгузар, таъмиру тармими 9 километр қубурҳои оби нӯшокӣ бо маблағи умумии 452 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

То имрӯз дар ҳудуди ноҳия аз тарафи сохторҳои соҳавӣ ва соҳибкорону аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 2 адад чоҳи нави амудӣ кофта ва 2 чоҳи амудии дигар таъмир карда шуда, дар масофаи 4,1 километр хати нави обгузар кашида шудааст. Барои иҷрои корҳои зикргардида аз ҳисоби ҳамаи манбаҳо 604,4 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ашт. Барои татбиқи Барномаи вилоятии “Соли 2017- соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ” 604,4 ҳазор сомонӣ масраф шуд