Хабарҳо
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.07.2017 14:25
Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд - 25.07.2017 12:38
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ дар Конибодом - 25.07.2017 08:30
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад - 25.07.2017 08:29
Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи 136 млн. 750,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд - 25.07.2017 08:28
Баргузории Фестивали «Бӯстон-2017» дар шаҳри Бӯстон - 25.07.2017 08:25
Боздиди кории Раиси вилоят аз водии Яғноб - 24.07.2017 15:13
Истаравшан. Беш аз 63 км роҳ ба маблағи 705,3 ҳазор сомонӣ таъмир ва мумфарш гардид - 24.07.2017 10:21
Бо мақсади тарғиби моҳияти мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат мулоқот доир шуд - 24.07.2017 10:19
Дар ноҳияи Мастчоҳ маҳфили “Кадбону” баргузор гардид - 24.07.2017 10:16

Аз шаҳри Гулистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 165,1 миллион доллари ИМА маҳсулот содирот шуд

( 0 Овоз )

Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар шашмоҳаи аввали соли 2017 ба маблағи 1 миллиарду 583 миллиону 41 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 125,7 фоизро ташкил дода, ба маблағи 323,9 миллион сомонӣ зиёдтар маҳсулот истеҳсол шудааст.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, ки беш аз 15 корхонаи саноатии шаҳр афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 102,4 фоиз то ба 640,0 фоиз расонида, иҷрои онро барзиёд таъмин намуданд. Дар корхонаҳои саноатии шаҳр истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рўи 84 намуди аслӣ ба роҳ монда шуда, нақшаи дурнамои ҷамъи корхонаҳои саноатии шаҳр 129,1 фоиз ва уҳдадории корхонаҳо 105,3 фоиз таъмин гардидааст.

Соҳаи саноатии шаҳр бо 21 кишварҳои ҷаҳон робитаи судманди тиҷоратӣ намуда, дар шаш моҳи соли равон гардиши савдои хориҷӣ дар маҷмўъ 217,6 миллион долларро ташкил дод. Аз ҷумла, дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба кишварҳои хориҷа ба маблағи 165,1 миллион доллари ИМА, воридот бошад 54 миллион долларро ташкил дода, фарқияти содирот аз воридот дар ин давра 3,1 маротиба зиёд шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Аз шаҳри Гулистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 165,1 миллион доллари ИМА маҳсулот содирот шуд