Хабарҳо
Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 100 намуди ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст - 19.01.2018 12:50
Ба озмуни «Техникони наврас» беш аз 230 ихтироот ва маҳсули эҷоди хонандагон пешниҳод шуд - 19.01.2018 11:31
Рӯзҳои 20 ва 21 январ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад - 19.01.2018 08:41
Нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, тасдиқ гардид - 18.01.2018 22:11
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.01.2018 19:37
Дар Конибодом ситод оид ба назорати раванди яхобмонӣ таъсис дода шуд - 18.01.2018 09:12
Хонандагон дар таътили зимистона ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷалб шуданд - 18.01.2018 09:07
Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд - 17.01.2018 10:32
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59

Дар Истаравшан як майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

12 июли соли ҷорӣ дар деҳаи Боғи Калони Ҷамоати деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан майдончаи варзишии “Себзор” ифтитоҳ гардид. Майдончаи мазкур аз ҷониби соҳибкори  маҳаллӣ Музуллоев Абдурасул ба маблағи беш аз 100 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар расими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокомияти давлатии шаҳри Истаравшан, сокинони касбу кори гуногуни деҳа, ҷавонон ва варзишгарон иштирок намуданд.

Абдусаттор Қодирӣ, муовини якуми раиси шаҳри Истаравшан, дар баромади хеш иброз дошт, ки бо мақсади ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳри Истаравшан беш аз 271 иншоотҳои варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор дошта, сохта ба истифода дода шудани толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ  аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ идома доранд.

Бояд қайд кард, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардид, ки  дар доираи он нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан таҳия ва тасдиқ карда шуда, баргузории

Чорабиниҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ, корҳои бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими иншооти варзишӣ ба хотири дастгирии ҷавонону наврасон идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Истаравшан як майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд