Хабарҳо
Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 100 намуди ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст - 19.01.2018 12:50
Ба озмуни «Техникони наврас» беш аз 230 ихтироот ва маҳсули эҷоди хонандагон пешниҳод шуд - 19.01.2018 11:31
Рӯзҳои 20 ва 21 январ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад - 19.01.2018 08:41
Нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, тасдиқ гардид - 18.01.2018 22:11
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.01.2018 19:37
Дар Конибодом ситод оид ба назорати раванди яхобмонӣ таъсис дода шуд - 18.01.2018 09:12
Хонандагон дар таътили зимистона ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷалб шуданд - 18.01.2018 09:07
Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд - 17.01.2018 10:32
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59

Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Санаи 11 июли соли 2017 дар асоси нақшаи Хадамоти муҳоҷират бо иштироки кормандони дастгоҳи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, прокурори шӯъбаи назорати Прокуратураи вилояти Суғд Фирдавс Ҳусейнзода, мудирони шӯъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан ва шаҳру ноҳияҳо, сарварони субъектҳои хоҷагидори амалкунанда ҷаласаи ҳисоботӣ доир гардид.

Дар рафти он масъалаҳои натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Раёсат дар нимсолаи аввали  соли 2017 ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюм, Пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 20.06.2017 «Оид ба бартараф намудани қонунвайрокуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидатнамуда» ва масъалаи риояи интизоми меҳнатӣ ва Кодекси одоби хизматчии давлатӣ (ба таври илова) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои зертобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди ҳунарҳои миллӣ, касбомӯзонию забономӯзонӣ вазифадор намуда буданд. Аз ин лиҳоз, дар нимсолаи аввали соли равон иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат аз самтҳои асосии фаъолияти Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд.

Дар идомаи маҷлис сардори Раёсат оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти нимсола ҳисобот дод. Дар ҳисоботи муфассал бурду бохти ҳар як самти фаъолият нишон дода шуд.

Баъди шунидани ҳисоботи сардори Раёсат масъулин оид ба вазъи муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ, вазъи молиявӣ, рафти бақайдгирии муҳоҷирон ва вазъи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ҳисобот доданд.

Дар назди аҳли толор мудирони шӯъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои пилотии Конибодом, Истаравшан ва Бобоҷон Ғафуров вобаста ба фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ бо касбу забономӯзӣ, шаҳодатномакунонии малакаҳо ва таъмин намудани онҳо бо корҳои мавсимию доимӣ ҳисобот доданд.

Прокурори шӯъбаи назорати Прокуратураи вилоят Ф. Ҳусейнзода пешниҳод «Оид ба бартараф намудани қонунвайрокуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидатнамуда»-ро қироат намуд. Баъдан вобаста ба камбудиву норасоиҳои зимни санҷиши прокурорӣ ошкоргардида аз сарварони субъектҳои хоҷагидори амалкунанда ва мудирони шӯъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Деваштич, Зафаробод, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ пурсиш ба амал оварда шуд.

Пеш аз ҷамъбасти маҷлиси ҳисоботӣ ҳамзамон масъалаи риояи интизоми меҳнатӣ ва Кодекси одоби хизматчии давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд