Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41
Боздиди Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” - 21.05.2018 13:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи - 21.05.2018 11:20
Амалиёти “Кӯкнор-2018” дар ду марҳила гузаронида мешавад - 21.05.2018 10:17
Таъсиси Ситоди вилоятии “Тобистон - 2018” - 21.05.2018 10:16

Назира Ғаффорӣ роҳбари минтақавии Дафтари Хазинаи кӯдакони СММ барои кишварҳои Аврупои марказию шарқӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Афшан Ханро ба ҳузур пазируфт

( 1 Овоз )

Санаи 12 июли соли 2017 муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ роҳбари минтақавии Дафтари Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) барои кишварҳои Аврупои марказию шарқӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хонум Афшан Ханро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ аз номи роҳбарияти вилоят ҳайати меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, аз робитаҳои судманди ин ташкилоти бонуфуз бо сохторҳои давлатии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ зимни сӯҳбат таъкид намуд, ки дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан тандурустиву маориф дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд.

Назира Ғаффорӣ изҳор дошт, ки бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) татбиқи як қатор лоиҳаҳо, аз ҷумла дар бахши тандурустӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак, тавонбахшии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва дар бахши маориф дар мисоли марказҳои таҳсилоти бармаҳал барои кӯдакон идома дорад ва мо аз ҳамкориҳои судманди ин ташкилот қаноатмандем.

Муовини Раиси вилоят дар идомаи сӯҳбат амалисозии лоиҳа ҷиҳати дастгирӣ ва рушди ҷавононро ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ карда, аз ҳайати меҳмонон даъат намуд, ки дар ин самт ҳамкории самаранокро ба роҳ монанд.

Афшан Хан зимни сӯҳбат аз меҳмоннавозӣ ва истиқболи гарму самимӣ изҳори хушнудӣ намуда, аз дастгирии мақомоти давлатӣ дар амалишавии лоиҳаҳои Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) қаноатмандии худро баён дошт. Вай ҳамзамон таъкид намуд, ки Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) омода аст, ташаббусҳои афзалиятнокро дар соҳаҳои иҷтимоӣ ҷонибдорӣ намуда, дар ин самт лоиҳаҳои муҳимро амалӣ намояд.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ дар анҷоми мулоқот ба роҳбарияти Хазинаи кӯдакони СММ ҷиҳати расонидани кӯмаки аввалия ба зарардидагони офати табиӣ дар мавзеи Амондараи шаҳри Панҷакент изҳори сипос намуда, таъкид намуд, ҷониби вилоят барои густариши ҳамкориҳо бо ин ташкилоти бонуфуз омода аст.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) беш аз 20 сол аст, ки бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Айнӣ, Истаравшан, Деваштич, Ҷаббор Расулов ҳамкорӣ дорад ва дар беҳсозии саломатӣ ва ғизои модару кӯдак, эмгузаронӣ, пешгирии бемориҳои кӯдакон, нигоҳубини навзодон, ба таҳсил ҷалб намудани хонандагони аз мактаб дурмонда, таъсиси марказҳои таҳсилоти бармаҳал барои кӯдакони 4-6 сола ва дигар масоили иҷтимоӣ саҳми худро гузоштааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Назира Ғаффорӣ роҳбари минтақавии Дафтари Хазинаи кӯдакони СММ барои кишварҳои Аврупои марказию шарқӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Афшан Ханро ба ҳузур пазируфт