Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд - 22.09.2017 16:31
Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об - 22.09.2017 09:47
Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Штатҳои Муттаҳидаи Америка - 22.09.2017 09:33
Бозиҳои Осиё-2017: Шумораи медалҳои варзишгарони тоҷик дар Ашқобод ба 18 адад расид - 22.09.2017 09:14
Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017» соҳиби медали тилло ва нуқра гардид - 22.09.2017 09:04
Оғози Фестивали байналмилалии «Шашмақом» дар Конибодом - 21.09.2017 15:58
Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо - 21.09.2017 10:00
Музаффар Раҳимхӯҷаев мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуд - 21.09.2017 09:45
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи комплекси агросаноатии вилоят - 20.09.2017 16:49
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 6 млрд. сомонӣ баробар шуд - 20.09.2017 16:16

Ифтитоҳи толори «Китобхонаи китобшиносӣ» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

( 2 Овоз )

Маъмурияти Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо мақсади шиносонидани китобдорон, бавиҷа кормандони шуъбаҳои пурракунӣ ва коркарди адабиёт, маълумотдиҳӣ-библиографии китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо навгониҳои соҳаи китобдорӣ семинари назариявӣ-омўзишии «Вазъи воридшавии китобҳои нав ва коркарду таснифи соҳавии онҳо»-ро дар доираи ҷашнҳои 20-солагии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 100-солагии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ  ва ифтитоҳи толори «Китобхонаи китобшиносӣ» баргузор кард.

Директори Китобхонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов дар сухани ифтитоҳӣ таъкид намуд, ки таваҷҷуҳу ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи фарҳанг, аз ҷумла самти китобдорӣ торафт бештар шуда истодаасту дар ин росто дастгириҳои бевоситаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ низ омили рушди соҳаи мазкур дар ҳудуди вилояти Суғд гаштааст. Ба қавли ў натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва дастгириҳост, ки маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ барои ба талаботи замон мувофиқ кардани хизматрасонӣ ба ворид кардани тағйиротҳои сохторӣ ва навоварӣ ноил шуданд. Таъсисёбии толори «Китобхонаи китобхонашиносӣ» аз шумори дастовардҳои китобдорон мебошад. Толори мазкур барои донишҷўёни шуъбаи китобдорӣ, тамоми китобдорону методистон, библиографони китобхонаҳои вилояти Суғд таъсис ёфта, омодаи хизматрасонӣ мебошад.

Иштирокчиён барои шиносоӣ ва гузаронидани семинари назариявӣ-омўзишӣ аз толори маҷлис ба толори «Китобхонаи китобхонашиносӣ», ки фаъолияти худро расман бо баргузории ин семинар ҳусни ифтитоҳ бахшид, гузашта, бо имкониятҳои толори мазкур ошно шуданд.

Сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ориф Набиев ҳамаи китобдоронро бо таъсисёбии толори “Китобхонаи китобхонашиносӣ” табрик гуфта, дар суханронияш таъкид намуд, ки иштирокчиёни семинар аз ин толори навтаъсис ва нерўи зеҳнии Китобхонаи вилоятӣ барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ самаранок истифода баранд ва соҳаи китобдориро ба яке аз соҳаҳои пешрафтаю бонуфуз табдил диҳанд.

Дар семинар муовини директори Китобхонаи вилоятӣ оид ба корҳои хизматрасонӣ Мунира Ҳакимова дар мавзўи «Вазъи воридшавии китобҳои нав, коркард ва таснифи дурусти соҳавии онҳо», сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографии Китобхонаи вилоятӣ Мавзуна Ҳамробоева дар мавзўи «Тасвири библиографии асарҳои чопӣ дар нишондиҳандаҳо тибқи стандарти 7.1.2003», муовини директори Китобхонаи вилоятӣ Аҳрор Ахмедов  дар мавзўи «Назарияи тасвири библиографии аснод»,  сардори шуъбаи илмӣ-методии Китобхонаи вилоятӣ Абдуазиз Қаландаров дар мавзўи «Ҳуҷҷатнигории вобаста ба коркарди китоб», сардори шуъбаи феҳрастҳои Китобхонаи вилоятӣ Заррина Ҳомидова дар мавзўи «Тасвири библиографӣ барои феҳрастҳо» бо иштирокчиён суҳбат намуданд.

Дар музокирот библиографону китобдорон фаъолона ширкат варзида, аз сатҳи хуби баргузории семинари назариявӣ-омўзишӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор кардани чунин чорабиниҳои соҳавиро барои беҳбудии кор ба мақсад мувофиқ шумурданд.

Дар поёни семинар файлҳои матни электронии гузоришу слайдҳои маърўзачиён, варианти электронии дастури методии “Библиотечно-библиографическая классификаӣия” (Москва, 2015) ба тамоми иштирокчиён ба таври ройгон дастрас гардид, то минбаъд аз рўи он донишу таҷрибаи андўхтаашонро такмил дода, ҳамзамон ба дигар ҳамкасбонашон низ биомўзонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи толори «Китобхонаи китобшиносӣ» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ