Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд - 22.09.2017 16:31
Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об - 22.09.2017 09:47
Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Штатҳои Муттаҳидаи Америка - 22.09.2017 09:33
Бозиҳои Осиё-2017: Шумораи медалҳои варзишгарони тоҷик дар Ашқобод ба 18 адад расид - 22.09.2017 09:14
Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017» соҳиби медали тилло ва нуқра гардид - 22.09.2017 09:04
Оғози Фестивали байналмилалии «Шашмақом» дар Конибодом - 21.09.2017 15:58
Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо - 21.09.2017 10:00
Музаффар Раҳимхӯҷаев мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуд - 21.09.2017 09:45
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи комплекси агросаноатии вилоят - 20.09.2017 16:49
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 6 млрд. сомонӣ баробар шуд - 20.09.2017 16:16

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Имрӯз дар Кохи Борбад мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10 — солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Зимни суханронии хеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нақши Қонуни мазкур дар пешрафти ҷомеа андешаронӣ карда, ҳадафи баргузории мулоқотро натиҷагирӣ аз татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” давоми даҳ соли қабули он маънидод карданд.

Таъкид гардид, ки дар вақти таҳияи қонуни мазкур пеш аз ҳама манфиати халқ ба инобат гирифта шуд ва татбиқи он барои таъмини баробарии иҷтимоӣ равона гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки даҳ сол муқаддам соли 2007 ба хотири баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардуми кишвар, ки дар роҳи он маъракаву маросимҳои серхароҷот монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекарданд, Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва он аз ҷониби аҳли ҷомеа хуш пазируфта шуд. Ҳадафи дигар рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошти расму оинҳои аз байнрафта, ба таври шоиста муаррифӣ кардани арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни бою қадимаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад.

Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат дар рӯзи таҷлили солгарди 10 — уми амали қонун ба хотири натиҷагирӣ ва мукаммал гардонидани он бо иштироки намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа боз як ҳамоиши васеъ доир карда шуд. Мақсади ин вохӯрӣ баррасии зарурати аз нав ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.

Бо гузашти як даҳсола маълум шуд, ки қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.

Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки қисме аз маросиму маъракаҳо бо сабаби серхарҷ буданашон боиси ба вуҷуд омадани зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа гардида, ба оилаҳои камбизоат зарари зиёд мерасониданд ва боиси исрофкорӣ мешуданд. Бо қабули қонуни мазкур ҳодисаҳои бетартибӣ дар тӯйҳо, то ҳадди содир шудани ҷиноятҳои вазнини авбошӣ ва одамкушӣ, вайрон гардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва садамаҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳаракати мошинҳои арӯсу домод асосан аз байн рафтанд.

Баъди қабули қонуни мазкур бо дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории дохилӣ, аз ҷумла кам намудани хароҷоти нолозим сатҳи камбизоатӣ дар байни 10 сол аз 53 фоиз то 30 фоиз, яъне 23 фоиз коҳиш дода шуд. Тибқи маълумоти оморӣ, танҳо дар шаш моҳи баъди қабули қонун шумораи ақди никоҳ дар кишвар то 23 ҳазор зиёд гардида, соли 2007 ба 97 ҳазор ва соли 2008 ба 106 ҳазор расид.

Дар даҳ соли амалӣ гардидани қонун беш аз як миллиону чорсад ҳазор маърака ба қайд гирифта шудаанд, ки барои баргузории онҳо ба ҳисоби миёна чоруним миллиард сомонӣ харҷ гардида, сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросимҳо беш аз 18 миллиард сомониро ташкил кардааст.

Маблағҳои сарфашудаи шаҳрвандон барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ, бунёду обод гардонидани манзилҳои истиқоматӣ, харидории воситаҳои нақлиёт ва асбобу таҷҳизоти рӯзгор, инчунин, барои таълиму тарбияи фарзандон равона шуда истодаанд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо вуҷуди чораҳои то ба имрӯз андешидашуда ҳолатҳои пурдабдаба гузаронидани тӯю маъракаҳо ва хароҷоти бемаврид дар мамлакат ҳанӯз пурра аз байн нарафта, баъзе шаҳрвандон ҳанӯз ҳам расму ойинҳоро ҳамчун воситаи худнамоиву шуҳратпарастӣ истифода менамоянд, ки чунин рафтор бо табиати фарҳанги мардуми мо бегона ва мухолифи қонун мебошад.

Бинобар ин вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ вазифадор гардиданд, ки барои пурра аз байни бурдани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои таъхирнопазир андешанд. Роҳбарони мақомоти маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимони ҷомеашинос ва иттиҳодияҳои динӣ дар шаҳру ноҳияҳо низ барои ислоҳи қонунвайронкуниҳо вазифадор шуданд.

Ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки аз ҳисоби кормандони сохтору мақомоти дахлдор комиссияи босалоҳият таъсис дода, дархостҳои мақомоту ташкилот ва шаҳрвандонро ҳамаҷониба арзёбӣ намояд ва дар муддати ду моҳ хулосаҳои худро ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур, ҳамчунин, тафсири оммавии онро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Ёдовар мешавем, ки бо супориши Пешвои миллат то имрӯз тавассути телефонҳои боварӣ, почтаҳои электронӣ ва воситаҳои ахбори омма фикру дархост, таклифу пешниҳоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷамъ оварда шуданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёди намояндагони касбу кори гуногун аз шаҳру вилоятҳои мамлакат ба сухан баромада, вобаста ба бандҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” назару пешниҳодҳои худро баён карданд. Аз ҷумла, вобаста ба маросими азодорӣ, хонадоршавии ҷавонон, муайян кардани вақти баргузории маъракаҳо дар баъзе минтақаҳои кишвар вобаста ба мавсими сол, пурра аз байн бурдани баъзе расму оинҳои ба мардуми мо бегона, манъи забҳи чорво дар оши чил ва оши сол, кам кардани хароҷоти тӯю маъракаҳо, таҳия ва татбиқи ҷазо ба баъзе шахсоне, ки бандҳои алоҳидаи қонунро риоя намекунанд, пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки мардуми бонангу номуси кишвар минбаъд низ бо эҳсоси масъулият барои рушди давлатдории миллии худ бо тамоми нерӯ кору фаъолият менамоянд ва Ватани аҷдодии хешро ба гулистони ҳақиқӣ табдил медиҳанд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд







Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”