Хабарҳо
Бозии миёни дастаҳои "Хуҷанд" ва "Динамо" бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид - 21.04.2018 12:34
Дар Самарқанд ҳайати намояндагони вилояти Суғдро гарму самимӣ истиқбол намуданд - 21.04.2018 08:06
Ятимон дар нимароҳ намемонанд - 21.04.2018 08:00
Идомаи боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии маркази вилоят - 20.04.2018 14:10
Аз 20 то 22 апрел Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад - 20.04.2018 11:19
Рӯзи ягонаи ахбор: «Рушди сайёҳӣ – омили рушди ҷомеа» - 20.04.2018 09:18
Баргузории даври вилоятии Олимпиада оид ба тарғиби ҳаракати олимпӣ - 20.04.2018 09:16
Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 20.04.2018 09:14
Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои сарҳадии “Пунук” ва “Меҳробод” дар ноҳияи Ашт - 20.04.2018 09:12
Истаравшан. Дар шаш корхонаи хурди истеҳсолии навтаъсис наздик 60 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд - 19.04.2018 14:07

Дар нимсолаи якуми соли 2017 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 952 401,2 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод

( 0 Овоз )

Дар моҳҳои январ-июни соли 2017 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 952 401,2  ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 15,4 фоиз  ё 127 238,1  ҳазор доллар зиёд аст.

Тавре аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2017 нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2016 бо мамлакатҳои ИДМ 23,4 фоиз ё 141907,5 ҳазор  долларзиёд, бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад 6,7 фоиз ё 14669,4  ҳазор доллар кам шудааст.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2017 содироти мол 230679,2 ҳазор долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ- июни соли 2016-ум 15,2  фоиз ё 30382,3 ҳазор  доллар зиёд  шудааст. Воридоти мол ба вилоят 721722,0 ҳазор долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба  моҳҳои январ - июни соли 2016-ум 15,5 фоиз ё 96855,8 ҳазор доллар зиёд мебошад.

Зимнан, вилояти Суғд бо 50 мамолик, аз он ҷумла бо 11 мамолики ИДМ ва бо 39 мамолики хориҷи дур муносибатҳои  тиҷоратӣ дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар нимсолаи якуми соли 2017 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 952 401,2 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод