Хабарҳо
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.07.2017 14:25
Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд - 25.07.2017 12:38
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ дар Конибодом - 25.07.2017 08:30
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад - 25.07.2017 08:29
Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи 136 млн. 750,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд - 25.07.2017 08:28
Баргузории Фестивали «Бӯстон-2017» дар шаҳри Бӯстон - 25.07.2017 08:25
Боздиди кории Раиси вилоят аз водии Яғноб - 24.07.2017 15:13
Истаравшан. Беш аз 63 км роҳ ба маблағи 705,3 ҳазор сомонӣ таъмир ва мумфарш гардид - 24.07.2017 10:21
Бо мақсади тарғиби моҳияти мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат мулоқот доир шуд - 24.07.2017 10:19
Дар ноҳияи Мастчоҳ маҳфили “Кадбону” баргузор гардид - 24.07.2017 10:16

Мулоқоти Анвар Яъқубӣ бо Рафаел Ҷенни

( 0 Овоз )

Имрӯз муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ менеҷери барномавии Департаменти рушди савдои Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод Рафаел Ҷенниро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба натиҷаи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ баён намуда, оид ба дурнамои ҳамкориҳо, татбиқи ҳадафҳои олӣ омодагии худро изҳор доштанд. менеҷери барномавии Департаменти рушди савдои Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод Рафаел Ҷенни изҳор дошт, ки барои идомаи ҳамкориҳо дар давраи 4 соли минбаъда маблағ пешбинӣ шуда, дар ин замина баромаҳои манфиатбахш амалӣ карда мешавад.

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ вобаста ба имкониятҳои иқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ ва дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳ муфассал иттилоъ дода, қайд намуд, ки бо дастгирии давлату Ҳукумат дастовардҳо дар ҳамаи соҳаҳо чашмрас мебошанд. Анвар Яъқубӣ гуфт, ки мақсади мо дар оянда зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, воридоти технологияҳои нав ва татбиқи ҳадафҳои муҳим дар ин самт мебошад. Ба меҳмонон вобаста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд, аз ҷумла атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ маълумот дода шуда, қайд гардид, ки занони ҳунарманд дар ин самт тавассути ташкили Грантҳои Раиси вилоят ва дигар ҳавасмандиҳо пайваста дастгирӣ меёбанд. Ҳоло дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ, бахусус дар ҷамоатҳо марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ташкил карда шудааст.

Дар мулоқот гуфта шуд, ки татбики барномаи виҷа дар самти рушди атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ метавонад ба манфиати кор бошад. Ҳамин тавр мулоқоти ҷонибҳо бо тарҳрезии нақшаву барномаҳо барои фаъолияти минбаъда анҷом пазируфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти Анвар Яъқубӣ бо Рафаел Ҷенни