Хабарҳо
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.07.2017 14:25
Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд - 25.07.2017 12:38
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ дар Конибодом - 25.07.2017 08:30
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад - 25.07.2017 08:29
Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи 136 млн. 750,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд - 25.07.2017 08:28
Баргузории Фестивали «Бӯстон-2017» дар шаҳри Бӯстон - 25.07.2017 08:25
Боздиди кории Раиси вилоят аз водии Яғноб - 24.07.2017 15:13
Истаравшан. Беш аз 63 км роҳ ба маблағи 705,3 ҳазор сомонӣ таъмир ва мумфарш гардид - 24.07.2017 10:21
Бо мақсади тарғиби моҳияти мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат мулоқот доир шуд - 24.07.2017 10:19
Дар ноҳияи Мастчоҳ маҳфили “Кадбону” баргузор гардид - 24.07.2017 10:16

Таҷлили Рӯзи маъюбон дар Боғи миллии “Ваҳдат”

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Санаи 8 июли соли 2017 дар Боғи миллии “Ваҳдат” бахшида ба Рӯзи маъюбон бо ҳузури бештар аз 250 нафар шахсони имконияташон маҳдуд аз шаҳру ноҳияҳои вилоят чорабинии идона доир гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода иштирок ва сухаронӣ намуд. Ӯ изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла тарбиягирандагони мактаб-интернатҳо, оилаҳои ниёзманд, маъюбон, ятимон ва табақаҳои камбизоат тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд ва ба хотири барқарор намудани вазъи саломатии маъюбон ва ҳамаҷиҳата ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо фаро гирифтани онҳо шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешавад.

Дар чорабинии идона роҳбари Иттиҳодияҳои миллии маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон Зикрихудоев Асадулло низ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки таваҷҷўҳи мақомоти маҳаллӣ нисбат ба маъюбон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Ӯ иброз намуд, ки шахсони имконияташон маҳдуд чун узви ҷудонашавандаи ҷомеа тамоми тавоноии худро барои пешрафти Ватани азиз сарф мекунанд.

Худи ҳамин рӯз ҳамчунин хатнасури 35 нафар кӯдакони маъюб ва кӯдакони оилаҳои маъюб гузаронида шуда, ба ҳар яки кӯдакон ба миқдори 1000 сомонӣ, инчунин тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Барои иштирокдорони чорабинӣ дастурхони идона ороста шуда, аз тарафи аҳли фарҳанг барномаи консертӣ низ манзур карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҷлили Рӯзи маъюбон дар Боғи миллии “Ваҳдат”