Хабарҳо
Иштироки намояндагони вилоят дар даври ҷумҳуриявии фестивал-озмуни «Сапеда» - 22.11.2017 10:07
Хуҷанд. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун доир мешавад - 21.11.2017 15:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 21.11.2017 13:25
Суғд: Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд - 21.11.2017 11:47
Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии "Атласу адраси Суғд-2017" насиби Нилуфар Тоҷибоева шуд - 21.11.2017 11:46
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2017 19:30
Конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” - 18.11.2017 15:06
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.11.2017 12:33
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ - 19.11.2017 11:57
Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ - 18.11.2017 21:25

Нишасти навбатии маҳфили "Ганҷи сухан"

( 0 Овоз )

Нишасти 152-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров баргузор гардид, ки дар он олимону адибон, устодону донишҷӯён, мухлисони каломи бадеъ ширкат варзиданд.

Маҳфилро масъули он Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки нишасти имрӯза ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 85 солагии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида мешавад.

Нахуст маърӯзаи проректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мӯъминҷон Шамсиддинов дар мавзӯи “Пешвои миллат ва ваҳдати миллӣ ” шунида шуд. Ӯ дар бораи таърихи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон сухан карда, аз хидматҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди сулҳи тоҷикон ёдрас намуд. Дар суханронии намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тӯтинисо Дадобоева дар бораи муҳимтарин чорабиниҳо дар қаламрави вилоят бахшида ба Рӯзи ваҳдат сухан рафт. Маърӯзаи илмии ҷолиб дар мавзӯи “ Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва ваҳдати инсонӣ” аз ҷониби Мирзоев Садриддин, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти классикӣ ироа гардид. Муаллиф муҳимтарин андешаҳои Мавлоноро дар мавриди вожаи ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамдилии инсонҳо баён намуда, онро дар муқоиса бо ваҳдатофариҳои Пешвои миллат арзёбӣ намуд.

Шоираи ваҳдатсаро Гулноз андешаҳои ҷолибашро дар бораи Ваҳдат баён намуда чанд шеъри нави хешро қироат кард.

Бахшида ба 85- солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва 80-солагии устоди донишгоҳ, номзади илмҳои филология, дотсент, шодравон Аҳмадҷон Давронов дар мавзӯи “Аҳмадҷон Давронов - суханвар ва суханшинос”, номзади илмҳои филология, дотсент, декани факултети филология Мӯсоҷон Олимҷонов маърӯза кард.

Устодони донишгоҳ Саидмурод Ҳоҷиев ва Абдусаттор Абдуқодиров, ки бо Аҳмадҷон Давронов бештар аз 40 сол ҳамкорӣ доштанд дар бораи хислатҳои неки он кас ёд карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Нишасти навбатии маҳфили "Ганҷи сухан"