Хабарҳо
Иштироки намояндагони вилоят дар даври ҷумҳуриявии фестивал-озмуни «Сапеда» - 22.11.2017 10:07
Хуҷанд. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун доир мешавад - 21.11.2017 15:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 21.11.2017 13:25
Суғд: Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд - 21.11.2017 11:47
Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии "Атласу адраси Суғд-2017" насиби Нилуфар Тоҷибоева шуд - 21.11.2017 11:46
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2017 19:30
Конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” - 18.11.2017 15:06
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.11.2017 12:33
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ - 19.11.2017 11:57
Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ - 18.11.2017 21:25

Оғози Ярмаркаи байналхалқии савдо “Суғд-2017” 

( 1 Овоз )

Имрӯз дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналхалқии савдо “Суғд-2017” ба кори худ оғоз кард.

Дар ярмаркаи мазкур, ки чор сол инҷониб бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо мақсади дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир, ба намоиш гузоштани меваю сабзавоти тару тоза, хушкмеваҳо, намудҳои гуногуни маҳсулоти саноатӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд, беш аз 200 нафар соҳибкорону тоҷирон ва намояндагони ширкатҳои дохилию хориҷӣ, намояндагон аз 10 давлати дунё ва 23 ташкилоти байналхалқӣ ширкат варзиданд, ки аз баланд гардидани нуфузи ин чорабинӣ гувоҳӣ медиҳад.Бояд гуфт, ки ярмаркаи мазкур дар муддати кутоҳ аз чорабинии минтақавӣ ба намоишгоҳи байналмиллалӣ табдил ёфтааст, ки аз нуфузи баланди он дарак медиҳад. 

Мақсади ташкили ярмаркаи байналхалқии савдо - ин мустаҳкам намудани тиҷорати дарозмуддат ва робитаҳои ҳамкорӣ байни ҷомеаи соҳибкории вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратӣ, муштариёни эҳтимолӣ, сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории кишварҳои хориҷӣ тавассути таъмини платформа барои нишон додани қобилият ва имконоти иқтисоди вилояти Суғд ва таҷрибаи пешқадами кишварҳои дуру наздики хориҷӣ мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи ярмаркаи савдо муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва меҳмонони чорабинӣ-намояндаҳои минтақавии давлатҳои иштирокчӣ, намояндагони корпусҳои дипломатию тиҷоратӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд. Муовини Раиси вилоят иштирокчиён ва меҳмонони намоишгоҳро аз номи роҳбарияти вилоят хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки доираи ярмарка соли равон боз ҳам васеъ гардидааст.Дар оғози Ярмаркаи байналхалқии савдо “Суғд-2017” инчунин намояндаи Парлумони кишвар Шариф Рахимзода, сафири фавқулодда ва мухтори Белорусия дар Тоҷикистон Олег Иванов, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия Михаил Кораблин, директори Барномаи рушди СММ Ян Харфст, роҳбари Бонки рушди Олмон Кристин Лабс, роҳбари Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар Тоҷикистон Айтен Рустамова, роҳбари палатаи савдо ва саноати шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Файзулло Маманов ва муовини аввали раиси шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Белорус Александр Патёмкин сухан карда, изҳор намуданд, ки ташкили чунин чорабинии сатҳи байналмилалӣ ва дар маҷмуъ рушди соҳаҳои гуногуни кишвар пеш аз ҳама ба сиёати оқилонаи Сарвари давлати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст.Иштирокчиёни ярмарка қабл аз ҳама ният доранд роҳҳои самарабахши ҳамкориҳои тарафайнро бо соҳибкорону тоҷирон ва ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфт намуда, доираи ин ҳамкориҳоро дар оянда васеъ намоянд.

Дар ярмарка инчунин намояндагони корхонаҳои саноати сабук ва бофандагӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмон, намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ, бонкҳо, ташкилотхои молиявӣ, хизматрасониҳои машваратӣ, лизинг, нақлиёт ва ҳунарҳои миллӣ аз минтақаҳои гуногуни кишвар ширкат варзида, дастовардҳои охирини худро ба маърази тамошо гузоштанд. Хушбахтона, соҳибкорони тоҷик имрӯз баробари тараққиёти илму техникаи муосир ба истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ низ шуруъ кардаанд.Доираи ярмарка инчунин муаррифии ширкатҳои Тоҷикистон, вохӯриҳои шахсӣ ва гуфтушунидҳо, мастер-синфҳо, муаррифии намояндагони ширкатҳо аз кишварҳои хориҷӣ, рузи дархои кушод ва форуми доираҳои соҳибкориро фаро хоҳад гирифт. Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2017" тайи ду руз дар Қасри варзиш идома хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Оғози Ярмаркаи байналхалқии савдо “Суғд-2017”