Санаи 15 июни соли 2017 дар толори хурди Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» бахшида ба 20 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Шинохти Ваҳдат – шинохти миллат» баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, аъзоёни Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят, олимону адибон ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд
Конференсияи илмӣ – амалиро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо ифтитоҳ намуда, баргузории ин ҳамоиши бошукӯҳро дар арафаи таҷлили 20 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муҳим ва бамаврид арзёбӣ намуд.
Дар конфронс раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар мавзӯи «Омилҳои таҳкими Ваҳдати миллӣ дар замони муосир», муовини аввали Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мавҷуда Бобоева дар мавзӯи «Нақши шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар», ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода дар мавзӯи «Ваҳдат - ормони олии миллат», сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Олимҷон Зоҳидзода дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» маърӯза намуданд.
Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона низ ба сухан баромада, аз боби ҳифзу гиромидошти ваҳдат, дӯстиву рафоқату ҳамдилӣ ва аҳамияти бузурги санади сулҳи тоҷикон ҳарф зад.
Дар конфронс зикр гардид, ки Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфта, дар таҳкими сулҳу субот ва рушди ҷомеаи мутамаддини кишвар, тарғибу ташвиқи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ саҳми арзишманд гузоштааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд