Хабарҳо
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди Рамазон табрик намуд - 15.06.2018 07:39
Мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Ашт - 14.06.2018 09:29
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд - 14.06.2018 09:26
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 14.06.2018 09:20
Корхонаву ширкатҳо мутахассисонро интихоб ва ба кор ҷалб намуданд - 13.06.2018 13:49
Баргузории семинари омӯзишӣ доир ба татбиқи «Страгегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» - 13.06.2018 13:40
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон ашхсои ниёзмандро аёдат намуданд - 13.06.2018 13:39
Раиси вилоят бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷандро аёдат намуд - 13.06.2018 13:37

Баргузории силсилаи мулоқотҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

( 1 Овоз )

Имрӯзҳо бо иштироки аъзоёни гуруҳи тарғиботию ташвиқотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии кишвар перомуни "Соли ҷавонон" ва 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ мулоқотҳо баргузор гардида истодааст.

Бо ин мақсад санаҳои 13 ва 14 июн дар толори муассисаи Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, театри мазҳака ва драммаи русии ба номи А.С.Пушкин, қисми ҳарбии Гвардияи миллӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и шаҳри Бӯстон бо иштироки муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҷовид Илҳомзода мулоқотҳои судманд доир гардид. Мулоқотҳоро раиси шаҳр Рухсора Давлатзода ифтитоҳ намуда, перомуни масоили аз сар гузаронидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, муборизаи дастаҷамъона бо неруҳои бадхоҳ аз ҷумла терроризм ва экстремизм, густариш ва инкишофи минбаъдаи бонизоми рукнҳои давлатдории навини миллӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таъмини зиндагии шоиста, татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, таваҷҷуҳ ба масоили дастгирии давлатии ҷавонон, софдилонаву садоқатмандона иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ ва ба ин монанд масоили марбут ба рушди ҷомеаи муосир ибрози назар намуд.

Аз ҷониби маърӯзачиён оид ба корномаҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ

Раҳмон дар раванди барқарории сулҳу суботи комили ҷомеа ибрози назар карда шуда, оид ба таҷлили ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва омодагиҳо ба ин санаи фархунда, дастовардҳо дар Соли ҷавонон ва амсоли инҳо андешаронӣ сурат гирифт. Дар интиҳо як қатор ҷавонони фаъол ва иштирокчиён андешаҳои хеш ва таассуроташонро оид ба масоили зикршуда баён намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории силсилаи мулоқотҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ