Хабарҳо
Иштироки намояндагони вилоят дар даври ҷумҳуриявии фестивал-озмуни «Сапеда» - 22.11.2017 10:07
Хуҷанд. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун доир мешавад - 21.11.2017 15:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 21.11.2017 13:25
Суғд: Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд - 21.11.2017 11:47
Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии "Атласу адраси Суғд-2017" насиби Нилуфар Тоҷибоева шуд - 21.11.2017 11:46
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2017 19:30
Конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” - 18.11.2017 15:06
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.11.2017 12:33
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ - 19.11.2017 11:57
Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ - 18.11.2017 21:25

Баргузории чорабинии фарҳангии "Шоми ҷавонӣ"

( 0 Овоз )

Бахшида ба 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳафтаи гузашта дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ чорабинии фарҳангии “Шоми ҷавонӣ” бо иштироки донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир гардид.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла дар баромадаш зикр сохт, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишварамон тамоми соҳаҳо рӯ ба рушд ниҳода, таваҷҷӯҳ ба ҷавонон сол то сол беҳтар мегардад. Баргузории ин чорабинӣ, ки бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ рӯи кор омадааст, маҳз ба хотири сарҷамъиву тифоқии ҷавонон ташкил карда шудааст. Гузашта аз ин, имсол барои ҳар як насли худогоҳи миллат соли хотирмон мебошад. Зеро бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- Соли ҷавонон эълон гардидааст. Ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин сол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд чорабиниҳои гуногун аз қабили баргузории фестивал-озмуни «Гулдухтарони Суғдӣ», «Хурӯши ҷавонӣ», спартакиадаи донишҷӯён, озмунҳои гуногуни зеҳнӣ доир гардида истодаанд, ки гумон мекунам барои баланд бардоштани нерӯи зеҳнии ҷавонон ин тадбирҳо нақши калон мебозад.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо суруди “Ватан” дар иҷрои донишҷӯи курси 1 Рустам Ғуфронов оғоз ёфт. Суруди “Ҳоло ки ман ҷавонам” аз ҷониби аҳли нишаст хуш пазируфта шуд.

Гурӯҳи донишҷӯдухтарон рақси помирӣ, рақс бо номи “Илтиҷо”, “Дар вақти гули анор”, “Ҳаво-ҳаво”, “Атлас”-ро бо маҳорати баланд иҷро намуданд. Бадеҳаҳои “Бозубанд” ва “Бобораҳмону Бибирайҳон” дар иҷрои Бурҳонов Эҷод, Бобомуродова Нодира ва Иброҳимов Имомназар ва Бобомуродова Нодира, суруд дар иҷрои Фараҳманд Каримов хеле хуб сароида шуданд. Баромади маҳфили хушдилон ва ҳозирҷавобон табъи мухлисонро шод гардонд. Чорабинии фарҳангӣ бо сюитаи рақсии “Парчам” хотима пазируфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории чорабинии фарҳангии "Шоми ҷавонӣ"