Хабарҳо
Иштироки намояндагони вилоят дар даври ҷумҳуриявии фестивал-озмуни «Сапеда» - 22.11.2017 10:07
Хуҷанд. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун доир мешавад - 21.11.2017 15:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 21.11.2017 13:25
Суғд: Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд - 21.11.2017 11:47
Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии "Атласу адраси Суғд-2017" насиби Нилуфар Тоҷибоева шуд - 21.11.2017 11:46
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2017 19:30
Конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” - 18.11.2017 15:06
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.11.2017 12:33
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ - 19.11.2017 11:57
Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ - 18.11.2017 21:25

Ба қадри сулҳу ваҳдат ва тинҷиву оромӣ бояд расид

( 0 Овоз )

Мулоқотҳои гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинони шаҳри Конибодом ҷиҳати расонидани моҳияти ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани Соли 2017 - Соли ҷавонон ва 20-солагии ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ идома дорад.

Мулоқоти навбатӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо фарогирии шумораи зиёди иштирокдорон- роҳбарон, собиқадорони меҳнат, фаъолон, ҷавонон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо доир гардид. Он таҳти роҳбарии раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ сурат гирифт. Пас аз суханони ифтитоҳӣ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода дар назди ҳозирин баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Соли ҷавонон эълон гаштани соли 2017 аз тарафи Пешвои миллат худ нишонаи эътибору таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти кишвар ба ин ниҳоди фаъолу нерӯманд буда, аз ҷавонон масъулиятшиносии баланд, ҳисси ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ, зиракӣ, ғайрати дучанд ва дониши комилро тақозо мекунад.

Мавсуф инчунин, перомуни роҳи расидан ба сулҳ сухан ронда, аз сокинони шарафманди шаҳри Конибодом даъват ба амал овард, ки ба қадри сулҳу ваҳдат ва тинҷиву оромии Ватан расида, баҳри пешрафти он бо меҳнати ҳалолу назари нек саҳмгузорӣ намоянд.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин Ҳабибзода Зоҳир-мудири шўъбаи умумии Дастгоҳи Кумитаи Марказии Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон, Субҳони Аъзамзод-устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баромад намуда, перомуни ба имзорасии созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ, саҳми Президент дар таҳкими сулҳу субот ва пешрафту такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, ҷавонон ва ҷомеа, ҷавонон дар масири таърих, мавқеи онҳо дар ташаккули ҷомеа ва равандҳои ҷаҳон андешаронӣ карданд.

Як гуруҳ ҷавонони шаҳр барои дастгириҳои давлату Ҳукумати кишвар ва фароҳм овардани шароити мусоиди кору таҳсил миннатдорӣ карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба қадри сулҳу ваҳдат ва тинҷиву оромӣ бояд расид