Дар шаҳри Конибодом соҳибкорони маҳаллӣ Раҳматҷон ва Равшанбой Азизовҳо роҳи кӯчаи ба номи Ҳоҷӣ Алиев ва Ҳоҷӣ Содиқро мумфарш намуданд.
Роҳи кучаҳои мазкур аз рӯи гуфти бошандагони маҳал тайи сӣ-чиҳил соли охир рӯи таъмирро надида, ҳам барои пиёдагардон ва ҳам барои ронандагони нақлиёт душвориҳо пеш меовард. Сокинони маҳал аз ташаббусҳои ин шахсон, хоса соҳибкор Равшанбой Азизов хеле мамнуну миннатпазиранд. Барои мумфаршгардонӣ асфалт аз ҶДММ «Хуҷандроҳ» харидорӣ гардида, роҳи кӯча ба масофаи 2.5 ҳазор метри мураббаъ ё ба дарозии 500 метр бо паҳноии 5 метр мумфарш гардида истодааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд