Хабарҳо
Баргузории Фестивали «Бӯстон-2017» дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Ашт - 21.07.2017 13:10
Маҳфили “Ганҷи сухан”ин бор дар ноҳияи Шаҳристон доир шуд - 21.07.2017 08:54
Озарахш ва Анвар Олим барои хизматҳояшон дар рушди адабиёт бо Сипоснома қадршинисоӣ шуданд - 21.07.2017 08:41
Ба 45 нафар бонувони соҳибкору ҳунарманд 305 000 сомонӣ грантҳои Раиси вилоят тақдим гардид - 21.07.2017 08:26
Баргузории ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.07.2017 16:19
Абдураҳмон Қодирӣ: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,5 миллиард сомонӣ зиёд гардид - 20.07.2017 16:07
Баргузории семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Истифодаи оқилонаву самарабахши об ва замин дар хоҷагиҳои кишоварзӣ» - 19.07.2017 11:55
Тақдими мизу курсиҳо ба муассисаи таълимии навтаъсиси №15-и ноҳияи Ашт - 19.07.2017 09:32
Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар 20211 гектар зироатҳои гуногун кишт кардаанд - 19.07.2017 09:31
Ашт. Барои татбиқи Барномаи вилоятии “Соли 2017- соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ” 604,4 ҳазор сомонӣ масраф шуд - 19.07.2017 09:29

Соли равон барои таъмири роҳҳо беш аз 55 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст

( 0 Овоз )

Соли равон дар вилоят таъмири 2260,6 километр роҳ ба нақша гирифта шуда, аз он беш аз 98 километр пурра мумфарш, 1076,44 километр таъмири ҷорӣ ва дар 1085,98 километр корҳои шағалпўшкунӣ дар назар дошта шудааст.

Бо иқдоми Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба масъалаи мумфаршкунӣ ва таъмиру таҷдиди роҳҳои шаҳру навоҳии вилоят аҳамияти хосса зоҳир мегардад.

Тибқи иттилои мудири шўъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Олимҷон Очилзода дарозии умумии роҳҳои автомобилгард дар қаламрави вилоят 8130,5 км буда, аз он 439,3 км роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 389,3 км ҷумҳуриявӣ, 2343,2 км маҳаллӣ, 3171,8 км роҳҳои истифодаи умум ва 1786,9 км байнихоҷагӣ мебошад.

Дар соли 2017 низ тибқи Барномаи вилоятӣ ҷиҳати таъмиру ободонии роҳҳои вилоят аз буҷети вилоят беш аз 55 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.

То ин дам, дар маҷмўъ 12,3 км пурра мумфарш, 276,26 км таъмири ҷорӣ ва 410,2 км шағалпўш карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Соли равон барои таъмири роҳҳо беш аз 55 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст