Хабарҳо
Баргузории Фестивали «Бӯстон-2017» дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Ашт - 21.07.2017 13:10
Маҳфили “Ганҷи сухан”ин бор дар ноҳияи Шаҳристон доир шуд - 21.07.2017 08:54
Озарахш ва Анвар Олим барои хизматҳояшон дар рушди адабиёт бо Сипоснома қадршинисоӣ шуданд - 21.07.2017 08:41
Ба 45 нафар бонувони соҳибкору ҳунарманд 305 000 сомонӣ грантҳои Раиси вилоят тақдим гардид - 21.07.2017 08:26
Баргузории ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.07.2017 16:19
Абдураҳмон Қодирӣ: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,5 миллиард сомонӣ зиёд гардид - 20.07.2017 16:07
Баргузории семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Истифодаи оқилонаву самарабахши об ва замин дар хоҷагиҳои кишоварзӣ» - 19.07.2017 11:55
Тақдими мизу курсиҳо ба муассисаи таълимии навтаъсиси №15-и ноҳияи Ашт - 19.07.2017 09:32
Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар 20211 гектар зироатҳои гуногун кишт кардаанд - 19.07.2017 09:31
Ашт. Барои татбиқи Барномаи вилоятии “Соли 2017- соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ” 604,4 ҳазор сомонӣ масраф шуд - 19.07.2017 09:29

Олими тоҷик бо медали ба номи Нобел қадршиносӣ шуд

( 1 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр доштанд, ки дар шароити зудтағйирёбандаи имрӯза рушди илмҳои бунёдӣ муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмиву тадқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони ин соҳа маҳсуб меёбад.

Дар партави суханрониҳои Президенти кишвар бо назардошти тадқиқотҳои илмӣ, ба нашр расонидани дастурҳои илмию методӣ, таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, ихтироот ва дигар дастовардҳо устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳаким Ғаюров дар оғози соли хониши 2016-2017 бо унвони профессори Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия мушарраф гардид. Ҳамзамон аз рўи нишондоди таълифот, навовариҳо дар соҳаи маориф, ташаккул ва ташкили ихтисосҳои замонавӣ бароҳ мондани раванди таълим бо назардошти технологияи муосир бо мукофоти байналмилалии «Корманди хизматнишондодаи илм ва маориф» қадршиносӣ шудааст. Мавсуф дорандаи чандин диплом, сертификат, ифтихорномаю сипосномаҳо мебошад.

Тавре аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иттилоъ доданд, санаи 31 майи соли 2017 Ҳаким Ғаюров барои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти ихтироъкорӣ ва навоварӣ аз тарафи Академияи илмҳои табиатшиносии шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо медали ба номи А. Нобел сарфароз гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Олими тоҷик бо медали ба номи Нобел қадршиносӣ шуд