Хабарҳо
Иштироки намояндагони вилоят дар даври ҷумҳуриявии фестивал-озмуни «Сапеда» - 22.11.2017 10:07
Хуҷанд. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун доир мешавад - 21.11.2017 15:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 21.11.2017 13:25
Суғд: Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд - 21.11.2017 11:47
Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии "Атласу адраси Суғд-2017" насиби Нилуфар Тоҷибоева шуд - 21.11.2017 11:46
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2017 19:30
Конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” - 18.11.2017 15:06
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.11.2017 12:33
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ - 19.11.2017 11:57
Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ - 18.11.2017 21:25

Мастчоҳ. Қисмате аз роҳҳои маҳаллӣ бо маблағи 5 миллион сомонӣ таъмиру навсозӣ мешавад

( 0 Овоз )

Аз ҷониби Дирексияи сохтмони асосии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмиру азнавсозии қисмате аз роҳҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ 5 миллион сомонӣ ҷудо гардида, корҳои бунёдӣ ва мумфаршкунии роҳҳо оғоз шудааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ доданд, дар асоси нақша 7,5 км аз қитъаи роҳи асосии Бӯстон – Азизобод, ки ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон ва Палдоракро бо маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон мепайвандад, пурра мумфарш мешавад ва дигар қитъаҳои роҳи мазкур аз назди МТМУ №36 то даромадгоҳи шаҳраки Бӯстон аз таъмири ҷорӣ бароварда мешаванд.

Ҳамчунин, роҳҳои маркази ноҳия аз кӯчаи С. Шарифов то пайвастшавии шоҳроҳи байналмиллалии Бӯстон – Чаноқ бо дарозии 750 метр таъмиру мумфарш мегардад. Бо дарозии 250 метр кӯчаи назди бозори марказӣ то бинои ШВКД дар ноҳия низ мумфарш гардонида мешавад.

Дар ҳамаи қитъаҳои номбаршудаи роҳҳои ноҳияи Мастчоҳ бо истифодаи техникаҳои бузурги роҳсозӣ, ки аз маркази вилоят оварда шудаанд, корҳои таъмиру азнавсозӣ дар авҷ буда, то Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба итмом мерасанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мастчоҳ. Қисмате аз роҳҳои маҳаллӣ бо маблағи 5 миллион сомонӣ таъмиру навсозӣ мешавад