Хабарҳо
Боздиди Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва мулоқот бо сохтмончиёни вилояти Суғд - 17.11.2017 16:25
Ифтитоҳи Маҷмааи миллии «Маркази оши палов» ва тақдими туҳфаҳои идона ба 160 нафар ятими кулл - 17.11.2017 14:09
Китоби “Пешвои миллат ва сиёсати забон” муаррифӣ шуд - 17.11.2017 12:44
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд - 17.11.2017 11:41
Ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд - 17.11.2017 11:40
Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари давлати навини тоҷикон - 17.11.2017 11:16
Конибодом. Баргузории конфронси илмӣ-адабӣ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 17.11.2017 11:10
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар шаҳри Исфара чорабинӣ доир шуд - 17.11.2017 11:06
Таҷлили 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт - 17.11.2017 11:05
Мулоқот бо фаъолон ва сокинони шаҳри Истиқлол - 16.11.2017 11:39

Дар ноҳияи Ашт як чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

Санаи 20 апрел дар маҳаллаи Саричашмаи ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт як чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар расми ифтитоҳи он муовини Раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода ва раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо иштирок намуданд.

Заробиддин Файзуллозода зимни суханронии худ иброз дошт, ки бо иқдоми  Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ соли 2017 «Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ» эълон гардидааст ва тибқи барномаи қабулгардида сатҳу сифати оби нӯшокӣ беҳтар мегардад.

Бояд гуфт, ки чоҳи амудии мазкур бо маблағи 170 ҳазор сомонӣ кофта шуда, аз ҳисоби корхонаи фаръии минтақавии №1 155 ҳазор сомонӣ ва аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 15 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин чоҳ боз 400 хоҷагии дигар ва беш аз 6 ҳазор аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар ноҳияи Ашт як чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд