Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд - 22.09.2017 16:31
Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об - 22.09.2017 09:47
Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Штатҳои Муттаҳидаи Америка - 22.09.2017 09:33
Бозиҳои Осиё-2017: Шумораи медалҳои варзишгарони тоҷик дар Ашқобод ба 18 адад расид - 22.09.2017 09:14
Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017» соҳиби медали тилло ва нуқра гардид - 22.09.2017 09:04
Оғози Фестивали байналмилалии «Шашмақом» дар Конибодом - 21.09.2017 15:58
Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо - 21.09.2017 10:00
Музаффар Раҳимхӯҷаев мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуд - 21.09.2017 09:45
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи комплекси агросаноатии вилоят - 20.09.2017 16:49
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 6 млрд. сомонӣ баробар шуд - 20.09.2017 16:16

Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

( 0 Овоз )

Дар сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тағироти кадрӣ ба амал омад.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд мувофиқи қарорҳои дахлдори раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода аз санаи 18 апрели соли равон Бобозода Толиб Карим, ки вазифаи роҳбари  дастгоҳи  раиси шаҳри  Хуҷандро иҷро мекард бо тариқи гузариш ба мансаби мудири шӯъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд таъин  гардид. Мудири пешинаи шӯъбаи мазкур Расулзода Раҳим Расул ба вазифаи мудири бахши манзили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин карда шуд.

Ҳамчунин Иброҳим Қаландаров, ки аз соли 2014 чун директори генералии КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд фаъолият мебурд, ба вазифаи директори генералии КВДК «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Хуҷанд  таъин карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд