Хабарҳо
Нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар шаҳри Гулистон 100 фоиз иҷро шуд - 28.04.2017 11:04
Бинои Маркази минтақавии хизматрасонӣ барои пиронсолон ва маъюбон пас аз таҷдид ба истифода дода шуд - 28.04.2017 10:57
Зариф Мирдадо вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт интихоб гардид - 28.04.2017 10:54
Баргузории иҷлосияи нӯҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум - 28.04.2017 10:50
Семинар дар мавзуи мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон - 27.04.2017 15:18
15 ҳазор метр матоъи дастбофи ҳунармандони шаҳри Конибодом ба фурӯш рафтааст - 27.04.2017 11:26
Нақшаи кишти ғалладонагиҳо наздик 100 фоиз иҷро шуд - 27.04.2017 11:24
Оғози таъмиру барқарорсозии роҳҳо дар ноҳияи Ашт - 27.04.2017 11:23
«Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоишта» - конфронси илмӣ-амалӣ - 27.04.2017 11:22
Зимни баргузории маъракаҳо 57 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд - 27.04.2017 11:21

Идомаи бунёди мактаби сеошёна барои 660 хонанда дар Конибодом

( 0 Овоз )

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом сохтмони мактаби наву замонавӣ барои 660 хонанда дар як баст идома дорад.

Бинои нави мактаб дар деҳаи Ҷаҳонзеби ҷамоати Лоҳутии шаҳр ҷойгир буда, он тибқи лоиҳа аз 3 ошёна иборат аст. Мактаби нав дорои 26 синфхона, утоқҳои фанниву ҳунаромӯзӣ, ошхона бо 84 ҷои нишаст, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 220 ҷой ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Бинои асосии мактаби таҳсилоти умумии № 29 барои 580 хонанда солҳои 80-уми асри гузашта бунёд гардида, айни замон дар он беш аз 1100 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Бо назардошти зиёд гардидани сафи хонандагон ва ҳолатии садамавии бинои мактаб бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳаҷми 12 миллион сомонӣ беҳтарин мактаби замонавӣ қомат хоҳад афрохт.

Айни замон корҳои сохтмонӣ идома дошта, 60 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб гардидаанд. Дар назар аст, ки сохтмони бинои нави мактаб то сентябри соли равон ба анҷом расонида шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Идомаи бунёди мактаби сеошёна барои 660 хонанда дар Конибодом