Хабарҳо
Боздиди Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва мулоқот бо сохтмончиёни вилояти Суғд - 17.11.2017 16:25
Ифтитоҳи Маҷмааи миллии «Маркази оши палов» ва тақдими туҳфаҳои идона ба 160 нафар ятими кулл - 17.11.2017 14:09
Китоби “Пешвои миллат ва сиёсати забон” муаррифӣ шуд - 17.11.2017 12:44
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд - 17.11.2017 11:41
Ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд - 17.11.2017 11:40
Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари давлати навини тоҷикон - 17.11.2017 11:16
Конибодом. Баргузории конфронси илмӣ-адабӣ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 17.11.2017 11:10
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар шаҳри Исфара чорабинӣ доир шуд - 17.11.2017 11:06
Таҷлили 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт - 17.11.2017 11:05
Мулоқот бо фаъолон ва сокинони шаҳри Истиқлол - 16.11.2017 11:39

Олимони ҷавони вилоят соҳиби ҷоизаи ба номи академик Султон Умаров шуданд

( 0 Овоз )

Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи илми тоҷик сессияи илмии солонаи «Айнӣ» ва Форуми ҷумҳуриявии навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони «Инноватсия- омили муҳими рушд дар ҷаҳони муосир» бо ҷалби соҳибкорон ва корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, олимони варзидаи тоҷик, навоварон ва ихтироъкорон, олимони ҷавон, аспирантон, магистрон ва донишҷўёни соҳиблаёқати муассисаҳои илмиву таълимии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар Форуми ҷумҳуриявии навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони «Инноватсия-омили муҳими рушд дар ҷаҳони муосир» олимони ҷавон маърўзаҳои илмӣ намуда, ихтирооти худро ба ҳозирин муаррифӣ карданд.

Дар анҷоми Форуми ҷумҳуриявӣ барои дастовардҳои назарраси илмӣ дар соли 2017 як гурўҳ муҳаққиқони ҷавон бо дипломҳо ва ифтихорномаҳои АИ ҶТ сарфароз гардонида шуданд.

Устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон,  номзадони илмҳои физика ва математика- Одилхӯҷа Солиев ва Хуршед Худойбердиев аз рӯи равияи илмҳои дақиқ барои силсилаи корҳо дар мавзӯи «Лингвистикаи компютерии забони тоҷикӣ» ба ҷоизаи ба номи академик Султон Умаров соҳиб гардиданд.

Ҷоизаро дар вазъияти тантанавӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Президенти академияи илмҳои кишвар Фарҳод Раҳимӣ дар вазъияти тантанавӣ супориданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Олимони ҷавони вилоят соҳиби ҷоизаи ба номи академик Султон Умаров шуданд