Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд - 22.09.2017 16:31
Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об - 22.09.2017 09:47
Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Штатҳои Муттаҳидаи Америка - 22.09.2017 09:33
Бозиҳои Осиё-2017: Шумораи медалҳои варзишгарони тоҷик дар Ашқобод ба 18 адад расид - 22.09.2017 09:14
Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017» соҳиби медали тилло ва нуқра гардид - 22.09.2017 09:04
Оғози Фестивали байналмилалии «Шашмақом» дар Конибодом - 21.09.2017 15:58
Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо - 21.09.2017 10:00
Музаффар Раҳимхӯҷаев мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуд - 21.09.2017 09:45
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи комплекси агросаноатии вилоят - 20.09.2017 16:49
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 6 млрд. сомонӣ баробар шуд - 20.09.2017 16:16

Мақсад: муаррифии маҳсулотҳои ватанӣ

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Бахшида ба ҷашни Наврўзи байналмилалӣ дар майдони «Ситораҳои  Хуҷанд»-и маркази вилоят намоиш - фурўши маҳсулоти  қолинӣ ва қолинҳои ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» баргузор гардид. Намоиши мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир гашта, он ду рўз-аз 16 то 18-уми март идома ёфт.

Ҳамчунин, баробари маҳсулоти  ин корхона  Марказҳои таълимӣ- истеҳсолии атласу адрасбофии шаҳру навоҳии вилоят низ маҳсулоти худро бо нархи дастрас барои сокинон ба фурўш гузоштанд.

Муҳаммадҷон Ёқубов, директори муассисаи давлатии Маркази эҳё ва рушди атласу адраси вилоят қайд намуд, ки дар ин чорабинӣ маҳсулоти ватанӣ ба намоиш гузошта шуд. Матоъҳои атласу адрас аз нахи пахта тайёр карда шуда ва ба саломатӣ безарар аст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин намоиш-фурўши маҳсулот навъҳои гуногуни қолинҳо ба намоиш гузошта, нархаш бошад дастрас буд. Масъулини   ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» иттилоъ доданд, ки  ҳадафи асосии ин чорабинӣ  муаррифии қолинҳои баландсифати ватанӣ буда, ҳамчунин дар як вақт ба муносибати ҷашни Наврўз тахфифи 20 фоиза ба роҳ монда шудааст.

Дар ду рӯз 9000 метр атласу адраси дастибофи занҳои ҳунарманди вилоят ба фурӯш рафт. Талабот ба адрасу атласи дастибоф занҳои ҳунармандро барои истеҳсоли ин матоъҳои миллӣ рӯҳбаланд намуд.

Ҳамчунин, бо мақсади беҳтаргардонии намуд ва ороиши манзилҳои истиқомативу утоқҳои корӣ ва бо ин роҳ фароҳам овардани ҳиссиёти роҳату ҳаловатбахш баҳри сокинон ин маҳсулот пешкаш гардид, - изҳор доштанд масъулини  ҶСК «Қолинҳои Қайроққум».

Сокини шаҳри Хуҷанд Роҳат Бобоева баргузории намоиш-фурўши маҳсулоти қолинӣ ва тахфиф ба онҳоро хуб арзёбӣ намуда, зикр дошт, ки  маҳсулот  хушсифат ва ба талабот ҷавогў аст. Баҳри мо харидорон чунин намоишномаҳо имконият медиҳад, ки бо нархи арзон қолинҳои дилхоҳи худро харидорӣ намоем,- гуфт Роҳат Бобоева.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар намоиш-фурўш навъҳои қолинҳои гуногун, ба монанди «Шоҳаншоҳ», «Симин», «Гулзор», Истиқлол», «Согдиана» ва «Азата» - ву «Сайҳун» ба намоиш ва фурўш гузошта шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд







Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мақсад: муаррифии маҳсулотҳои ватанӣ