Хабарҳо
Боздиди Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва мулоқот бо сохтмончиёни вилояти Суғд - 17.11.2017 16:25
Ифтитоҳи Маҷмааи миллии «Маркази оши палов» ва тақдими туҳфаҳои идона ба 160 нафар ятими кулл - 17.11.2017 14:09
Китоби “Пешвои миллат ва сиёсати забон” муаррифӣ шуд - 17.11.2017 12:44
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд - 17.11.2017 11:41
Ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд - 17.11.2017 11:40
Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари давлати навини тоҷикон - 17.11.2017 11:16
Конибодом. Баргузории конфронси илмӣ-адабӣ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 17.11.2017 11:10
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар шаҳри Исфара чорабинӣ доир шуд - 17.11.2017 11:06
Таҷлили 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт - 17.11.2017 11:05
Мулоқот бо фаъолон ва сокинони шаҳри Истиқлол - 16.11.2017 11:39

Конфронси аввалини илмӣ-назариявии ҷавонон таҳти унвони «Нақши муассири Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир» доир шуд

( 1 Овоз )

Бахшида ба «Соли ҷавонон» дар ноҳияи Деваштич конфронси аввалини илмӣ-назариявии ҷавонон таҳти унвони «Нақши муассири Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир» баргузор гардид.

Дар конфронс омӯзгорони ҷавони дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич фаъолиятбаранда маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд. Аз ҷумла, Шодиева Шарора – омӯзгори МТМУ №53 дар мавзӯъи «Об сарчашмаи ҳаёт» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», Амонова Парвина – омӯзгори МТМУ №1 дар мавзӯъи «Пешвои миллат ва нақши ӯ дар баланд гардидани мақоми ҷаҳонии Тоҷикистон», Ҳоҷиева Рухсора – омӯзгори МТМУ №16 дар мавзӯъи «Ҷавонони даврони соҳибистиқлол ва таъсири ҷаҳонишавӣ» суханрониҳо намуда, фикру андешаҳо ва таклифу пешниҳодҳои хешро иброз доштанд.

Дар хотимаи конфронси мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Комрон Исмоилзода ва мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Бунафша Қутбиддинова суханронӣ намуда, аз нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории давлати миллии тоҷикон ёдовар шуданд.

Конфронси мазкур дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Деваштич низ баргузор мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Конфронси аввалини илмӣ-назариявии ҷавонон таҳти унвони «Нақши муассири Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир» доир шуд