Хабарҳо
Лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и «Қайроққум» дар ду марҳила амалӣ мешавад - 27.07.2017 12:53
Вусъати корҳои бунёдкорӣ дар шаҳри Бӯстон - 27.07.2017 08:50
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.07.2017 14:25
Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд - 25.07.2017 12:38
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ дар Конибодом - 25.07.2017 08:30
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад - 25.07.2017 08:29
Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи 136 млн. 750,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд - 25.07.2017 08:28
Баргузории Фестивали «Бӯстон-2017» дар шаҳри Бӯстон - 25.07.2017 08:25
Боздиди кории Раиси вилоят аз водии Яғноб - 24.07.2017 15:13
Истаравшан. Беш аз 63 км роҳ ба маблағи 705,3 ҳазор сомонӣ таъмир ва мумфарш гардид - 24.07.2017 10:21

Дар Конибодом бахшида ба Иди Наврӯз консертҳои идона ва сайругаштҳои оммавӣ баргузор мешавад

( 0 Овоз )

Бо мақсади дар сатҳи баланди маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ташкил ва баргузор намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки аз ҷашнҳои қадимаихалқи тоҷик маҳсуб меёбад, дар саросари шаҳри Конибодом корҳои омодагӣ бомаром ҷараён дорад.

Кулли сокинони шаҳр ҷашни фархундаи баҳору оғози эҳёи табиатро пеш аз ҳама бо корҳои ободониву сарсабзгардонӣ пешвоз мегиранд.

Бахшида ба таҷлили Наврӯз дар асоси нақшаи чорабиниҳои махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузории як силсила чорабиниҳои идонаи наврӯзӣ дар назар дошта шудааст. Ташкилу намоиши гулу паррандаҳои хушхон, анъанаҳои ниёгон, озмунҳои «Кадбонуи беҳтарин», «Арӯси замонавӣ», «Беҳтарин хони наврӯзӣ», баргузории тӯйҳои хайриявӣ, мусобиқаву озмунҳои мухталиф, аз қабили «Дави миллӣ», шоҳмотбозӣ, сангбардорӣ, гӯштини миллӣ, бандкашӣ ва ғайра ба нақша гирифта шудааст. Инчунин консертҳои идона ва сайругашти оммавӣ,  намоишнома, филм, инчунин консерти аҳли ҳунари театри давлатии драмаи мусиқии шаҳр ва тантанаҳои наврӯзӣ пешниҳоди сокинон хоҳанд гашт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Конибодом бахшида ба Иди Наврӯз консертҳои идона ва сайругаштҳои оммавӣ баргузор мешавад