Хабарҳо
Лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и «Қайроққум» дар ду марҳила амалӣ мешавад - 27.07.2017 12:53
Вусъати корҳои бунёдкорӣ дар шаҳри Бӯстон - 27.07.2017 08:50
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.07.2017 14:25
Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд - 25.07.2017 12:38
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ дар Конибодом - 25.07.2017 08:30
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад - 25.07.2017 08:29
Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи 136 млн. 750,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд - 25.07.2017 08:28
Баргузории Фестивали «Бӯстон-2017» дар шаҳри Бӯстон - 25.07.2017 08:25
Боздиди кории Раиси вилоят аз водии Яғноб - 24.07.2017 15:13
Истаравшан. Беш аз 63 км роҳ ба маблағи 705,3 ҳазор сомонӣ таъмир ва мумфарш гардид - 24.07.2017 10:21

Адабиётшиноси маъруф Атахон Сайфуллоев аз олам даргузашт

( 0 Овоз )

Адабиётшиноси маъруф ва профессори шинохтаи тоҷик Атахон Сайфуллоев аз олам даргузашт ва маросими видоъ бо марҳум имрӯз соати 12-00 дар маҳалли зисташ баргузор мешавад.

Атахон Сайфуллоев 1 майи соли 1933 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Мавсуф солҳои 1950-1954 донишҷӯи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров буда, баъди хатми он дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳ ба ҳайси муаллими адабиёт ба кор пардохтааст. Пас аз як соли хидмат, соли 1955, ба аспирантураи Институти давлатии педогогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко дохил шуда, курси пурраи онро соли 1958 ба итмом расондааст. Солҳои 1959-1965 ходими хурди илмӣ ва ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ будааст.

Солҳои 1965-1968 мудири кафедраи адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Ленинобод, солҳои 1968-1973 котиби масъули раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, солҳои 1973-1985 сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, аз сентябри 1985 то феврали 1989 ходими пешбар ва сарходими илмии Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ будааст.

Аз феврали 1989 то августи 1990 дар вазифаи директори Институти такмили ихтисоси муаллимони ҷумҳурӣ фаъолият доштааст. Аз августи 1990 то июли 1991 мудири шуъбаи ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои миллии КМ ҲК Тоҷикистон, аз соли 1991 то майи 1992 раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, аз майи 1992 мудири кафедраҳои забонҳо ва адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз июни соли 1994 то августи 2002 котиби масъули шуъбаи Суғди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Атахон Сайфуллоев ҳамчунин як муддат раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва муовини якуми раиси Ҳаракати мазкур буда, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад.

Профессор Атахон Сайфуллоев Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2014) ва Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Мирзо Турсунзода аст.

Муҳимтарин китобу монографияҳои тадқиқотии ӯ «Тафаккур ва образ» (1968), «Мактаби Айнӣ» (1978), «Мирзо Турсунзода. Очерки ҳаёт ва эҷодиёти шоир» (1983, 2004), «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (дар шаш ҷилд; ҷ. 1–1984; ҳамроҳи Х. Мирзозода ва А. Абдуманнонов), «Аркони сухан» (1985), «Малики адаб. Сайре дар гулшани рози Хоҷа Камол» (ҳамроҳи С.Абдуллоев), «Садриддин Айнӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон» (1998), «Зуфархон Ҷавҳарӣ. Таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёт» (2002), «Фурӯғи маънавият» (2003), «Ҳусни нигорандагӣ» (зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Меҳмон Бахтӣ, 2003), «Ҳалқаҳои пайванди адабӣ» (2003), «Ҳаким Карим» (2005), «Уфуқҳои тозаи наср» (2006; нашри дувуми такмилёфта – дар се муҷаллад, Хуҷанд, 2013) «Ҷону ҷаҳони наср» (2009), дар бораи эҷодиёти Абдулҳамид Самад» (2007), «Паямбари ишқ» (2012), (ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ), “Аз таърихи андешаи миллии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввалҳои аср XX» (ҳамроҳи Осим Каримов, 2011) «Оинаи барқади сухан» (2013) мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба наздикону пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, ба онҳо сабри ҷамил мехоҳад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Адабиётшиноси маъруф Атахон Сайфуллоев аз олам даргузашт