Хабарҳо
Лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и «Қайроққум» дар ду марҳила амалӣ мешавад - 27.07.2017 12:53
Вусъати корҳои бунёдкорӣ дар шаҳри Бӯстон - 27.07.2017 08:50
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.07.2017 14:25
Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд - 25.07.2017 12:38
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ дар Конибодом - 25.07.2017 08:30
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад - 25.07.2017 08:29
Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи 136 млн. 750,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд - 25.07.2017 08:28
Баргузории Фестивали «Бӯстон-2017» дар шаҳри Бӯстон - 25.07.2017 08:25
Боздиди кории Раиси вилоят аз водии Яғноб - 24.07.2017 15:13
Истаравшан. Беш аз 63 км роҳ ба маблағи 705,3 ҳазор сомонӣ таъмир ва мумфарш гардид - 24.07.2017 10:21

Озмуни бадеию ҳунарии “Дастагули наврӯзӣ” ҷамъбаст шуд

( 0 Овоз )

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ даври ҷамъбастии озмуни бадеию ҳунарии “Дастагули наврӯзӣ” баргузор гардид, ки дар он аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастаҳои ҳаваскори мардумӣ иштирок доштанд.

Чуноне аз бахши фарҳанги ноҳия иттилоъ доданд, дастаҳо аз рӯи шартҳои гуногун, аз ҷумла қироат ва иҷрои шеъру сурудҳои наврӯзӣ, намоиш ва муаррифии либосҳои миллию таҷассумкунандаи анъанаҳои мардумӣ, пешниҳоди суннатҳои Наврӯзи маҳаллӣ маҳорати худро нишон доданд.

Дар натиҷа ҷои аввал бо касби холҳои бештар ба дастаи ҳаваскорони мардумии Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ сазовор дониста шуд. Дастаҳои Ҷамоати деҳоти Оббурдон ва Ҷамоати шаҳраки Суғдиён мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро соҳиб шуданд. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ қадрдонӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Озмуни бадеию ҳунарии “Дастагули наврӯзӣ” ҷамъбаст шуд