Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд - 22.09.2017 16:31
Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об - 22.09.2017 09:47
Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Штатҳои Муттаҳидаи Америка - 22.09.2017 09:33
Бозиҳои Осиё-2017: Шумораи медалҳои варзишгарони тоҷик дар Ашқобод ба 18 адад расид - 22.09.2017 09:14
Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017» соҳиби медали тилло ва нуқра гардид - 22.09.2017 09:04
Оғози Фестивали байналмилалии «Шашмақом» дар Конибодом - 21.09.2017 15:58
Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо - 21.09.2017 10:00
Музаффар Раҳимхӯҷаев мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуд - 21.09.2017 09:45
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи комплекси агросаноатии вилоят - 20.09.2017 16:49
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 6 млрд. сомонӣ баробар шуд - 20.09.2017 16:16

Спитамен:Ба пешвози Наврӯзи фаррухпай «Дастурхони наврӯзӣ» ороста шуд

( 0 Овоз )

Дар арафаи ҷашни байналмилалии  Наврӯз  дар ноҳияи Спитамен ҳамарӯза чандин барномаҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ баргузор мегарданд.

Аз ҷумла,  тибқи нақшаи шуъбаи фарҳанги ноҳия ба муносибати ин ҷашн дар чанд ҷамоати шаҳраку деҳот озмунҳои «Кадбонуи беҳтарин», «Бунафша» ва озмуни пухтупази таомҳои милливу аврупоӣ таҳти унвони «Дастурхони наврӯзӣ» баргузор гардида, ғолибону иштирокдорони фаъол бо ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардиданд.

Масъулин ҳадафи чунин озмунҳоро ба арҷгузорӣ ба меросу анъанаҳои аҷдодӣ, эҳё намудани урфу одатҳои гузаштагон рабт доданд.

Ҳамчунин дар доираи барномаҳои наврӯзӣ дар маркази ноҳия озмуни «Мақомхонони ҷавон» ва дар қасри фарҳанг барномаи «Армуғони наврӯзӣ» бо иштироки санъаткорони қасри маданияти ноҳия гузаронида мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Спитамен:Ба пешвози Наврӯзи фаррухпай «Дастурхони наврӯзӣ» ороста шуд