Хабарҳо
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 15.01.2018 10:45
Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори Панҷшанбе - 14.01.2018 15:00
Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 13.01.2018 17:07

Хуҷанд. Даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст шуд

( 0 Овоз )

Бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва дар доираи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба эълон гардидани “Соли ҷавонон”, дирӯз дар чойхонаи  «Сирдарё»-и шаҳр ҷамъбасти даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи шаҳр, занону бонувони собиқадори маркази вилоят ва фаъолону намояндагони кумитаи маҳаллаҳои шаҳр иштирок намуданд.

Оозмуни мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои миллӣ, арҷгузориву эҳёи ҳунару урфу анъанаҳои мардумӣ, омода намудани дастурхони наврӯзӣ, тайёр намудани хӯрокҳои миллӣ ва намоиши маҳсули меҳнати дастӣ гузаронида шуда, шаш нафар бонувон- ғолибони давраи аввал байни худ аз рӯи панҷ шарт қуввасанҷӣ намуданд. Ҷавондухтарони соҳибҳунар бо маҳорати хуб ва услуби хоса ҳунарҳои худро дар пазандагиву ороишоти хони идона пешкаши ҳозирон гардонида, огаҳии худро аз таъриху фарҳанги ниёгон ва кадбонуи боистеъдоду ботаҷриба будани худро нишон доданд.

Аз рӯи ҷамъбасти озмун Шоҳҷоиза насиби кадбонуи маҳаллаи «Тути калон», ҷои якум насиби намоянда аз маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз» ва ҷойҳои дуюму сеюм насиби иштирокчиён аз маҳаллаҳои «Дӯстии халқҳо» ва «Ҷаббор Расулов» гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд. Даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст шуд