Хабарҳо
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар Рӯзи ҷавонон - 23.05.2018 16:58
Шаҳрдори Хуҷанд ба 100 нафар идрорпулӣ тақдим кард - 23.05.2018 09:36
Шаҳрдори Исфара: Ҷавонон дар рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд - 23.05.2018 09:33
Раҳпаймоии идонаи ҷавонон дар ноҳияи Ашт - 23.05.2018 09:31
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Бӯстон - 23.05.2018 08:51
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32

Бахшида ба иди Наврӯз дар муассисаҳои иҷтимоӣ чорабиниҳои идона баргузор мегардад

( 0 Овоз )

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дастгирии сарпарастон санаи 17 март бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоӣ чорабиниҳои идона доир мегардад ва бошандагони ин муассисаҳо ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.

Баргузории чорабиниҳои идона дар Муассисаи махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд, Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд, Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии Хона кӯдакони шаҳри Хуҷанд, Мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд, Мактаб-интернати махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара, Хонаи бачагони шаҳри Исфара, Хонаи кӯдакони байниноҳиявии шаҳри Истаравшан, Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоати шаҳри Истаравшан, Муассисаи таълимии парваришгоҳи шаҳри Конибодом, Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент, Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон, Интернати наздимактабӣ барои кӯдакони ятиму бепарстор ва аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Спитамен, Интернати наздимактабии ноҳияи Ашт, Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунавои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Интернати наздимактабии ба номи Дадоҷон Бойматови ноҳияи Шаҳристон, Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва ғайраҳо дар назар аст.

Дар ҳамаи чорабиниҳо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо иштирок менамоянд ва аз ҷониби сарпарастони муассисаҳо барои бошандагон дастархонҳои идона ороста шуда, барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод мегарданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бахшида ба иди Наврӯз дар муассисаҳои иҷтимоӣ чорабиниҳои идона баргузор мегардад