Хабарҳо
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ - 24.03.2017 10:33
Оғози фаъолияти ҶДММ "Баракат Исфара" дар шаҳри Исфара - 24.03.2017 10:24
Оғози сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд - 24.03.2017 09:19
Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд ва иштирок дар базми наврӯзии 500 кӯдаки ятим - 23.03.2017 13:14
Шиносоӣ бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» - 23.03.2017 11:53
Ифтитоҳи бинои нави таълимии мактаби № 14-и деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.03.2017 10:51
Мақсад: муаррифии маҳсулотҳои ватанӣ - 20.03.2017 11:09
Конфронси аввалини илмӣ-назариявии ҷавонон таҳти унвони «Нақши муассири Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир» доир шуд - 17.03.2017 16:07
ЭЪЛОН: 26 март мусобиқаҳои миллии “Бузкашӣ” ва “Пойга” гузаронида мешавад - 17.03.2017 11:29
Дар Конибодом бахшида ба Иди Наврӯз консертҳои идона ва сайругаштҳои оммавӣ баргузор мешавад - 17.03.2017 10:51

Баргузори чорабиниҳои гуногун бахшида ба “Соли ҷавонон” дар Конибодом

( 0 Овоз )

Бахшида ба “Соли ҷавонон” дар шаҳри Конибодом силсилаи чорабиниҳо доир гардида истодааст. Аз ҷумла, дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ва ширкати телевизионии «Аниси Конибодом» барномаи интелектуалии «Комёб» ташкил карда шуда, сабти барнома моҳе ду маротиба сурат гирифта истодааст.

Дар ҷараёни барнома ба ҷавонони касбу кори гуногун мулоқотҳо ороста мешавад. Аз ҷумла, яке аз мавзуъҳои барномаи мазкур ба «Таърихи Ватан» бахшида шуда, дар он асосан донишандӯзони муассисаҳои миёнаи касбии шаҳр иштирок доштанд. Ҷавонон дар ду гуруҳ сарҷамъ шуда, байни ҳам аз рӯи донишу фаҳмиш қувваозмоӣ карданд. Барнома бо иштироки фаъолонаи ҷавонон хеле шавқовар сурат гирифта, ҳаводорони зиёд пайдо намуд.

Ҳадаф аз ташкили барномаи телевизионии мазкур пеш аз ҳама фаъолгардонии ҷавонон, баланд бардоштани донишу заковати онҳо, санҷиши маҳорати ҳозирҷавобӣ ва билохира муттаҳид намудани ҷавонон мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузори чорабиниҳои гуногун бахшида ба “Соли ҷавонон” дар Конибодом