Хабарҳо
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 15.01.2018 10:45
Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори Панҷшанбе - 14.01.2018 15:00
Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 13.01.2018 17:07

Ҷамшед Ҷӯрабоев ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров таъин шуд

( 1 Овоз )

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ таъйин гардиданд, мулоқот намуданд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи илмҳо, Кумитаи телевизион ва радиоро дарбар гирифт.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҷдиди сохтор Сахидод Раҳматуллозода -Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қудрат Давлатзода ба вазифаи Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Шарифзода Мумин Машокир Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Ҳамидуллохон Фақеров Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Ҷамшед Ҷӯрабоев Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Хайриддин Идиев — Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъйин гардида, Диловар Латифзода аз вазифаи Ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш озод карда шуд.

Зевар Давлатзода аз вазифаи Директори муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» озод ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири фарҳанг таъин гардид. Бо қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода — муовини Вазири фарҳанг, Носир Саидов Директори муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Садриддин Шамсуддинзода Директори муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» ва Субҳиддин Шамсиддинзода Директори телевизиони «Тоҷикистон» таъин гардиданд.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳайати Раёсати Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардиданд.

Ба вазифаи сардорони раёсатҳои маорифи вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба тавсия шуда, барои рафъи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, гузаронидани ислоҳоти соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ки нав таъйин гардиданд, дастур доданд, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро беҳтар намуда, барои аз байн бурдани кирдорҳои дорои характери коррупсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, шафофият ва назорати дурусти маблағҳои буҷети давлатӣ ва таъмини фазои солеҳ дар муассисаҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссарони ҳарбии Комиссариатҳои ҳарбии ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин командирони қисмҳои ҳарбии ҷузъу томҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз ҳисоби кадрҳои ҷавон, таълимгирифтагони ду-се муассисаи олии таҳсилоти низомӣ дар дохил ва хориҷи кишвар таъйин гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъули соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таъйингардидаро ба хизмати софдилона ва садоқат ба давлату миллат даъват намуда, таъкид доштанд, дар иҷрои вазифаҳои базиммадошта бо ҳисси баланди масъулият муносибат намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҷамшед Ҷӯрабоев ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров таъин шуд