Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд - 22.09.2017 16:31
Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об - 22.09.2017 09:47
Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Штатҳои Муттаҳидаи Америка - 22.09.2017 09:33
Бозиҳои Осиё-2017: Шумораи медалҳои варзишгарони тоҷик дар Ашқобод ба 18 адад расид - 22.09.2017 09:14
Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017» соҳиби медали тилло ва нуқра гардид - 22.09.2017 09:04
Оғози Фестивали байналмилалии «Шашмақом» дар Конибодом - 21.09.2017 15:58
Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо - 21.09.2017 10:00
Музаффар Раҳимхӯҷаев мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуд - 21.09.2017 09:45
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи комплекси агросаноатии вилоят - 20.09.2017 16:49
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 6 млрд. сомонӣ баробар шуд - 20.09.2017 16:16

Баргузории озмуни вилоятии «Бозиҳои миллӣ» миёни хонанадгони макотиби вилоят

( 0 Овоз )

Бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят санаи 12-уми марти соли равон дар варзишгоҳи «Хуррамшаҳр»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров озмуни вилоятии «Бозиҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар он хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.

Сайфулло Раҳматов - муовини сардори Раёсати маориф ва илми вилоят иштирокчиён ва меҳмонони чорабиниро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки мақсад аз гузаронидани чорабинӣ аз нав эҳё кардани бозиҳои миллии ниёгон, бедор кардани ҳисси хонандагон нисбат ба анъанаву бозиҳои миллӣ, ташвиқу тарғиби он байни мактабиён ва ботантана ҷашн гирифтани Иди Наврўз мебошад.

Сипас хонадагони боистеъдоди шаҳру навоҳии вилоят дар намудҳои бозии миллии бодбаракпарронӣ, лалакпарронӣ, чиллак, ланка, ошуқбозӣ, арғамчинбозӣ, лаппак ва ҳаппак чусту чолокии худро нишон доданд.

Дар ҳама бахшҳо ғолибон бо тўҳфаҳои Раёсати маориф ва илми вилоят дар вилояти Суғд сарфароз гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории озмуни вилоятии «Бозиҳои миллӣ» миёни хонанадгони макотиби вилоят