Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41
Боздиди Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” - 21.05.2018 13:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи - 21.05.2018 11:20
Амалиёти “Кӯкнор-2018” дар ду марҳила гузаронида мешавад - 21.05.2018 10:17
Таъсиси Ситоди вилоятии “Тобистон - 2018” - 21.05.2018 10:16

Ғафур Зоирӣ муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид

( 1 Овоз )

Зоирӣ Ғафур Маҳмудзода муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид.

13 марти соли 2017 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон муаррифии муовини раиси шаҳр баргузор гардид. Ҳамин тариқ дар асоси розигии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Зоирӣ Ғафур Маҳмудзода, ки то ин дам ба ҳайси Роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд фаъолият дошт, ба ҳайси муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид.

​Мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Усмонӣ Ином Султонзод ҳозиринро ба шарҳи ҳоли Ғафур Маҳмудзода шинос намуд.

Зикр гардид, ки Зоирӣ Ғафур Маҳмудзода фаъолияти меҳнатии худро соли 1983 ба сифати омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 21 – и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда, то соли 2000 дар мактаби мазкур ва мактаби №49 – и ҳамин ноҳия кор кардааст. Мавсуф сипас дар вазифаи мутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Ҳукумати вилояти Суғд фаъолият дошт.

Зоирӣ Ғафур Маҳмудзода аз соли 2000 то соли 2011 дар вазифаи мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дасгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият бурда, сипас дар солҳои 2011-2013 дар вазифаҳои сармутахассиси шӯъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси вилоят, солҳои 2013 – 2014 роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Чкалов, мудири шӯъбаи молиявию хоҷагии дастгоҳи Раиси вилоят ва иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят кор кардааст.

Аз 18 июли соли 2014 то ин дам ба ҳайси Роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят фаъолият намуда, аз 13 марти соли равон ба ҳайси муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ғафур Зоирӣ муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид