Хабарҳо
Иштироки намояндагони вилоят дар даври ҷумҳуриявии фестивал-озмуни «Сапеда» - 22.11.2017 10:07
Хуҷанд. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун доир мешавад - 21.11.2017 15:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 21.11.2017 13:25
Суғд: Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд - 21.11.2017 11:47
Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии "Атласу адраси Суғд-2017" насиби Нилуфар Тоҷибоева шуд - 21.11.2017 11:46
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2017 19:30
Конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” - 18.11.2017 15:06
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.11.2017 12:33
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ - 19.11.2017 11:57
Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ - 18.11.2017 21:25

Тағйироти кадрӣ. Мунира Раҳимова сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд таъин шуд

( 0 Овоз )

Имрӯз, 13 март бо иштироки муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Шамсиддинзода дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд маросими муаррифии роҳбари нави идора баргузор шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд бо фармони раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Саъдуллозода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод гардида, ба ҷои ӯ Мунира Раҳимова сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд таъин гардид.

Муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода зимни сӯҳбат аз номи Раиси вилояти Суғд ба Аюбҷон Саъдуллозода барои хизматҳояш изҳори сипос намуда, ба роҳбарияти нав барору комёбиҳо таманно намуд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки Аюбҷон Саъдуллозода аз соли 2010 инҷониб роҳбарии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғдро бар ӯҳда дошт ва тӯли ин солҳо фарогирии мавҷи телевизион дар чанд навоҳии вилоят беҳтар гардид. Дар замони роҳбарии А. Саъдуллозода соати пахши барномаҳои телевизион ба 18 соат расонида шуд.

Мунира Раҳимова, сардори нави Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд низ аз кадрҳои соҳибтаҷриба буда, тӯли солҳои зиёд дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Тағйироти кадрӣ. Мунира Раҳимова сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд таъин шуд