Хабарҳо
Соли равон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 5075 муроҷиат ворид гардид - 15.12.2017 09:37
4,8 ҳазор метри мураббаъ қолинҳои дастибоф истеҳсол шуд - 15.12.2017 09:36
Суғд: Музди миёнаи маош 1004,76 сомониро ташкил намуд, ки нисбати соли гузашта 244,95 сомонӣ зиёд мебошад - 15.12.2017 09:35
Зариф Мирдадо ба 50 донишҷӯ 5 000 сомонӣ кумакпулӣ тақдим намуд - 15.12.2017 09:34
Беш аз 2414 километр роҳҳои ҳудуди вилояти Суғд таъмир шуд - 15.12.2017 09:31
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 109,7 фоиз таъмин гардид. Ба буҷет 1 694,8 млн. сомонӣ ворид гардид - 15.12.2017 09:32
Суғд: Ба маблағи 450 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 15.12.2017 09:31
Ба донишҷӯёни фаъолу аълохон ва ихтироъкор беш аз 20 ҳазор сомонӣ тақдим шуд - 15.12.2017 09:28
Основной телохранитель: Из командиров в созидатели беседа с бывшим командиром Хакимом Каландаровым - 14.12.2017 16:58
Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2017 - 14.12.2017 14:30

Сокинони ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен бо оби тозаи нушокӣ таъмин хоҳанд гашт

( 0 Овоз )

Дар ноҳияи Спитамен барои бо оби тозаи нӯшоки таъмин намудани аҳолӣ як қатор корҳо ба сомон расонида шуда истодааст. Дар ин замина бо  ҳамкории ташкилоти ғайридавлатии Шветсария дар асоси созишнома якҷоя бо аҳолии ҷамоати деҳоти Истиқлол, соли равон сокинони деҳаи Сафедтеппа бо оби нушокӣ таъмин хоҳанд гашт.

Аз 1 марти соли ҷорӣ дар асоси лоиҳа дар ин мавзеъ корҳо оғоз гардиданд. Чуноне, ки сармутахассиси ҶДММ «Муҳандис-1» Турақул Нуров иттилоъ дод, гузаронидани хатти қубурҳо ки 40000 метр мебошад ба уҳдаи корхонаи ҶДММ «Муҳандис-1»  вогузошта шуданд. Тибқи лоиҳа бояд ба 1330 хона нуқтаҳои обдиҳӣ гузаронидашавад. То ба имрӯз корҳои васлкунии қубурҳо идома ёфта, ба масофаи 100 метр қубурҳои полиэтленӣ хобонда шуд.

Дар “Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ” барои бо оби тоза таъмин намудани аҳолӣ дар дигар ҷамоатҳо низ корҳои таъмири хатҳои обгузар бомаром идома доранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Сокинони ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен бо оби тозаи нушокӣ таъмин хоҳанд гашт