Хабарҳо
Оғози мумфаршкунии роҳи Ғончӣ-Овчӣ дар ноҳияи Деваштич - 23.06.2017 11:07
Зиёдаравию исрофкорӣ амали мо нест! - 23.06.2017 09:41
Иди саиди Фитр рӯзи душанбеи 26 июн таҷлил мешавад - 23.06.2017 09:37
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 22.06.2017 14:40
Дар доираи ярмаркаи байналхалқии савдо "Суғд-2017" конфронси «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» баргузор шуд - 22.06.2017 13:50
Даврон Зоҳидзода муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид - 22.06.2017 09:56
Мулоқоти адибони ваҳдатсаро бо сокинони ноҳияи Спитамен - 22.06.2017 09:54
Баргузории ярмарка таҳти унвони "Интихоби мутахассисони арзанда". 44 хатмкунанда соҳиби ҷойи кор шуданд - 22.06.2017 09:47
Баррасии вазъи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - 22.06.2017 09:44
Дар арафаи Иди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ эҳтиёҷмандон аёдат шуданд - 22.06.2017 09:42

Дар Хуҷанд боз як шабакаи нави телевизионӣ фаъол шуд

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Хуҷанд телевизиони нави маҳаллӣ бо номи “7 ситора” ба фаъолият оғоз кард.

Ба ин муносибат дар бинои телевизиони навтаъсис бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ва хабарнигорону кормандони расонаҳои хабарӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Раиси шаҳр зимни суханронии худ аз нахустин рӯзномаи тоҷикӣ - “Бухорои шариф”, ки 105 сол муқаддам таъсис ёфта буд, ёдовар гардид. Инчунин қайд намуд, ки маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти ВАО фазои озоду заминаи рушдкунанда фароҳам оварда шудааст. Раиси шаҳр қайд намуд, ки барои рушду такомули рӯзноманигорӣ ва дастгирии рӯзноманигорон ҳамасола озмуни вилоятии беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони “Хомаи созанда” бо ибтикори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баргузор мешавад ва беҳтаринҳо дар маросими ҷамъбасти озмун бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мегарданд.

Ҳамчунин дар ҷамъомади мазкур директори телевизиони навтаъсиси “7 ситора” Маҳмудҷон Абдуллоев суханронӣ намуд ва изҳор дошт, ки телевизиони  навтаъсис 20 нафарро бо ҷои корӣ таъмин намудаст, ки аксарияти ононро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ин иқдом як армуғони хубе ба “Соли ҷавонон” маҳсуб меёбад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Хуҷанд боз як шабакаи нави телевизионӣ фаъол шуд