Рӯзи шанбеи 11 март дар Кохи матбуоти маркази вилоят бо иштироики муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда шуд.
Ин чорабинӣ, ки бо иштироки беш аз 100 нафар журналистон ва кормандони табъу нашр баргузор шуд, бо сухани ифтитоҳии мудири шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят Музаффар Юнусов оғоз ёфт.
Рустам Раҳматзода зимни суханронии худ журналистонро аз номи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба иди касбиашон табрик гуфта, ба корҳои эҷодиашон барору комёбиҳо таманно намуда, ба чанд нафар журналистон тӯҳфаҳои пулӣ ва сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро тақдим намуд.
Кормандони матбуоти вилоятро раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода низ ба иди касбиашон таҳният гуфта, ба Бобоҷон Икромов ва Абдулмаҷиди Бобоҷониён Ҷоизаи ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ ва ба чанде аз журналистони вилоят ифтихорномаву тӯҳфаҳои пулии Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро тақдим кард.
Дар идомаи чорабинӣ Илҳоми Ҷамолиён, раиси созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сухан гуфта, номи барандаи Ҷоизаи вилоятии рӯзноманигорон ба номи Ҳоҷӣ Содиқро эълон кард. Тавре иттилоъ дода шуд, соли равон ҷоизаи мазкурро сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Суғд ҳақиқати” Фарҳод Ҷӯраев дарёфт намуд. Ба Фарҳод Ҷӯраев дилом ва мукофотпулӣ супорида шуд. Созмони вилоятии Иттифоқи журналистони вилоят ҳамзамон чанд нафар журналистонро бо ифтихорномаҳо қадршиносӣ намуд.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки имрӯзҳо дар вилояти Суғд 16 адад телевизион, 15 адад радио, 6 маҷалла ва беш аз 50 адад ҳафтаномаҳо мавҷуд буда, дар онҳо теъдоди зиёди кормандон фаъолият мебаранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд