Хабарҳо
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 19.06.2018 08:52
Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона - 19.06.2018 08:37
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди Рамазон табрик намуд - 15.06.2018 07:39
Мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Ашт - 14.06.2018 09:29
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд - 14.06.2018 09:26

Ҳамкориҳо миёни макотиби олии вилоят ва Ҷумҳурии Латвия густариш меёбад

( 0 Овоз )

Дар доираи сафари кории ҳайати намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Латвия бо роҳбарии Вейко Сполитис ба вилояти Суғд  бо иштироки роҳбарони панҷ муассисаи олии касбии вилоят дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд меморандуми ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии Ҷумҳурии Латвия ва муассисаҳои олии вилояти Суғд имзо карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот бо сарварони муассисаҳои олии вилоят Вейко Сполитис ва Евгений Грузновс, намояндаи муассисаҳои олии Ҷумҳурии Латвия дар минтақаи Осиё  аз сатҳи ҳамкории кишвари Латвия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки мо бо таърихи куҳану фарҳанги ғании тоҷикон аз осори гаронмояи академик Бобоҷон Ғафуров ошноӣ пайдо кардаем.

Директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд Саидӣ Дилафрӯз Раббизода,  ректорони  ДДХ Анвар Мақсудӣ ва ДДҲБСТ Ҷамшеди Ҳабибуло барои таваҷҷуҳу оғози расмии ҳамкорӣ ба ҳайати меҳмонон изҳори сипос намуданд.

Сипас меҳмонон бо ҷараёни таълиму тарбия, ҳолати пойгоҳи техникии Донишкадаи политехникӣ шинос шуда, ба фаъолияти озмоишгоҳҳо,  китобхонаву системаи иттилоотии донишкада баҳои баланд доданд.

Каспарс Клявиниш, доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳи техникии шаҳри Рига низ зимни шиносоӣ аз таҷрибаи пешрафтаи донишкада дар самти навовариҳо васф карда, қайд намуд, ки донишкада дар ояндаи наздик метавонад дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии Латвия устодони донишкадаро ба Ҷумҳурии Латвия фиристад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҳамкориҳо миёни макотиби олии вилоят ва Ҷумҳурии Латвия густариш меёбад