Хабарҳо
Шаҳрдори Хуҷанд ба 100 нафар идрорпулӣ тақдим кард - 23.05.2018 09:36
Шаҳрдори Исфара: Ҷавонон дар рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд - 23.05.2018 09:33
Раҳпаймоии идонаи ҷавонон дар ноҳияи Ашт - 23.05.2018 09:31
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Бӯстон - 23.05.2018 08:51
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41

«Нақши матбуот дар замони муосир назаррас аст»-бардошт аз таҷлили Рӯзи матбуот дар Ашт

( 0 Овоз )

Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт 105-умин солгарди таъсиси Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд.

Дар ҳамоиш иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Зариф Мирдадо рӯзноманигоронро бо иди касбӣ таҳният гуфта, зикр намуд, ки 105 сол муқаддам, яъне 11 марти соли 1912 шумораи аввали нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» аз нашр баромад ва минбаъд ин сана ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамасола дар қаламрави кишвар ҷашн гирифта мешавад.

«Матбуот ва ВАО дар замони муосир ҳамчун як самти муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими рисолати миллии давлатдорӣ нақши беандоза доранд. Имрӯз дар ноҳия сомонаи навтаъсиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, рӯзномаи «Шуҳрати Ашт», телевизиони «Ашт», ширкати телевизион ва радиои «Диёри Ашт» ва радиои «Ашт» фаъолияти пурсамар дошта, ба таъмини фазои иттилоотии ноҳия мусоидат мекунанд», -афзуд ӯ.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Нақши матбуот дар замони муосир назаррас аст»-бардошт аз таҷлили Рӯзи матбуот дар Ашт