Хабарҳо
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ - 22.02.2018 09:57
Пешвои миллат як қатор қонунҳоро ба имзо расонданд - 22.02.2018 11:51
Конибодом. Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуд - 22.02.2018 14:49
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.02.2018 14:59
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо интихобкунандагон - 22.02.2018 14:10
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 22.02.2018 13:53
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова - 22.02.2018 11:30
9 март дар вилоят Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 22.02.2018 11:07
8 март дар қаламрави вилоят Рӯзи Модар ботантана таҷлил карда мешавад - 22.02.2018 10:41
Қарори навбатии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 22.02.2018 10:38

Боздиди намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Латвия аз шаҳри Конибодом

( 1 Овоз )

9 марти соли равон раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ ҳайати намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Латвияро бо роҳбарии Вейко Сполитис ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот раиси шаҳр меҳмонон - ҳайати намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Латвия бо роҳбарии Вейко Сполитисро ба шаҳри бостонии Конибодом хайрамақдам гуфт.

Раиси шаҳр зимни мулоқот зикр намуд, ки дар шаҳри Конибодом зиёда аз 10 ҳазор гектар майдони боғоти зардолу мавҷуд мебошад ва таҷдиду азнавсозии хоҷагиҳои кишоварзӣ имконият дод, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ боз ҳам боло бурда шавад. Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, аз ҷумла таҳсили ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии Латвия тариқи буҷавӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар доираи сафари кории худ меҳмонон аз мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва муассисаҳои таълимии шаҳр аз ҷумла, аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25, ки таърихи наздик 100 - сола дорад, дидан карда, бо ҳолати синфхонаҳо ва вазъи таълиму тарбия дар дабистони мазкур ошно гаштанд. Инчунин меҳмонон аз осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ба номи Мирраҷаб Додхоҳ боздид ба амал оварданд. Дар ин мавзеи таърихӣ диққати намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Латвияро махсусан, ёдгориҳои таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносон, нигораҳо ва чизҳои қадимаи маҳфузмондаи бостон ба худ ҷалб намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Боздиди намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Латвия аз шаҳри Конибодом